Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон: 293 рӯзноманигор дар соли 2021 зиндонӣ шуданд

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар Ню-Йорк мегӯяд, шумораи хабарнигорони зиндонӣ дар ҷаҳон дар соли 2021 ба 293 расид. Дар гузориши солонаи ин кумита, ки рузи панҷшанбеи 9-уми декабр нашр шуд, ба идомаи "қатлҳои ҳадафманд"-и рузноманигорон ишора шуда, гуфта мешавад, ки ин ниҳод 24 ҳолати қатли хабарнигорон дар нуқтаҳои мухталифи ҷаҳонро низ дар соли ҷорӣ сабт кардааст. Дар ин гузориш Чин калонтарин зиндони ҷаҳон барои хабарнигорон аст ва Ҳинду Мексика низ маргбортарин кишварҳо барои рӯзноманигорон ба шумор мераванд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон эълон кард, ки дар соли 2021 дар Чин зиндонӣ шудани 50 хабарнигорро сабт кард ва ин вазъият дар ин кишвар дар ҳоле идома дорад, ки Пекин худро барои Бозиҳои олимпии зимистона омода мекунад.

Пас аз Чин, Мянмар бо 26 рӯзноманигори зиндонӣ, Миср бо 25 рӯзноманигори зиндонӣ, Ветнам бо 23 нафар, Белорус бо 19 зиндон, Туркия 18, Еритрея 16, Арабистони Саудӣ ва Русия ҳар яке бо 14 рӯзноманигори зиндонӣ ва Эрон бо 11 рӯзноманигори пушти панҷараҳои зиндон, дар садри ин феҳрист қарор доранд.

Шумораи рӯзноманигорони зиндонӣ дар Озарбойҷон ду нафар, Бангладеш як зиндонӣ, Сомалия ду нафар ва Ироқ 4 нафар будааст. Ин соли шашум аст, ки Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон шумораи рекордии зиндонӣ шудани рӯзноманигорон дар саросари ҷаҳонро сабт мекунад.

Масъулини Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯянд, сабти ин теъдод рузноманигорони зиндонӣ нишон медиҳад, ки ҳукуматҳо "бар назорат ва идора кардани иттилоот ҷиддитар шудаанд ва ба таври афзоянда дар ин замина талош мекунанд".

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон зиндонӣ кардани рӯзноманигорон ба сабаби гузориш ва хабарро аз "вижагиҳои ошкори режимҳои истибдодӣ" хондааст. Бар асоси ин гузориш, иттиҳоми "зидди давлатӣ" алайҳи рӯзноманигорон, аз роиҷтарин иттиҳом дар кишварҳои истибдодӣ алайҳи рӯзноманигорон мебошад.

Дар Белорус мақомоти амнияти ин кишвар тайи як амалиёт як рӯзноманигори мухолифро пас аз фуруди изтирории ҳавопаймои ҳомили ӯ боздошт карданд. Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 19 хабарнигор зиндонӣ аст.

Ба навиштаи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, дар ҳоле ба назар мерасад дар кишварҳои чун Туркия ва Арабистони Саудӣ раванди зиндонӣ кардани рӯзноманигорон коҳиш пайдо кардааст, аммо ҳукуматҳои ин кишварҳо бо истифода аз сензура, аз ҷумла назорат ва қатъи интернет, озодии рӯзноманигоронро нақз мекунанд. Ба навиштаи ин созмон, таъйид шудааст, ки дар Ҳинд 4 рӯзноманигор бинобар фаъолияти касбиашон кушта шуданд.

Дар қораи Амрико кишвари Мексика дар соли 2021 маргбортарин кишвар барои хабарнигорон боқӣ монд ва бар асоси ин гузориш, се нафар ҳини фаъолияти хабарнигорӣ ба қатл расиданд.