Як табиб аз ноҳияи Восеъ иддао дорад, ки ӯро ноҳақ барои “аз худ кардани маблағи давлат ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ” ҷазо додаанд.
Мустафо Раҷабови 37-сола то як соли пеш мудири Маркази саломатии деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъ буд. Додгоҳ ӯро барои аз худ кардани маблағҳои Маркази саломатӣ гунаҳкор донист ва ӯро вазифадор кард, ки 68 ҳазор сомонии зарари ҳисобшударо пардохт кунад.
Ин пизишк дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки гуноҳ надорад ва бар сараш гуноҳеро бор кардаанд, ки дигарон анҷом додаанд. Раҳбаронаш аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд.
Ба гуфтаи ӯ, исрофкорӣ ва сӯистифода аз мансабро раҳбарони болоии ӯ анҷом додаанд, вале ба ҷойи онҳо ӯро парванда карданд.
Ӯ се моҳ дар боздошт қарор доштааст.
“Дар маҷмуъ, маро 68 ҳазор ҷарима карданд. Ин пулро бурда, дар бонк супоридам ва озодам карданд”,--гуфт ӯ.
Ӯ ҳанӯз ҳам ба бегуноҳии худ пойфишорӣ дорад ва барои барқарории адолат ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва Вазорати тандурустӣ нома навиштааст.
Баҳовуддин Азиззода, роҳбари Кумаки аввали тиббӣ-санитарии Восеъ, ки дар гузашта раҳбари Мустафо Раҷабов буд, нахост ин мавзуро шарҳ диҳад. Ҳарчанд, ин пизишк даъво дорад, ки маҳз бо гуноҳи Азиззода ҷазо гирифтааст.
Ҳоло Мустафо Раҷабов ҳамчун пизишки оддӣ дар Восеъ кор мекунад, вале талошаш ин аст, ки доғи гуноҳро аз парвандааш бишӯяд. Гуноҳе, ки ӯ мегӯяд, ҳеҷ гоҳ содир накардааст, вале дар додгоҳи Восеъ гуфтанд, ки гуноҳи ӯ собит шуда буд.