Кореяи Ҷанубӣ макони нави муҳоҷират барои тоҷикон мешавад? ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ анҷом ёфт.

Дар Душанбе форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ анҷом ёфт. Дар он масъалаҳои эҳёи иқтисодии пасоковидӣ, ҳамкорӣ дар риштаҳои энержӣ, фанновариҳои рақамӣ ва тандурустӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҳошияи нишаст дипломати асосии Кореяи Ҷанубӣ бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард.

Чӣ тавр тоҷикон то Кореяи Ҷанубӣ мерасанд?

Дар ҳоле ки гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ чандон зиёд нест, зиёд талош шудааст, ки ин кишвар ба масири нави муҳоҷирати корӣ табдил ёбад.

Ҳарчанд дар ин замина, шартномае имзо нашудааст, тоҷикистониёни муқими Кореяи Ҷанубӣ мегӯянд, шумораи муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар ин ҷо рӯ ба афзоиш дорад, вале бештар ғайриқонунӣ.

Умед Абдураҳимов, муҳоҷири корӣ мегӯяд, тоҷиконе барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ мераванд, ки шаҳрванди Русия ҳастанд. “Ҳамчун турист дохили Кореяи Ҷанубӣ шуда, ҳамун ҷо монданд. Як сол, ду сол, се сол. Ман бачаҳоеро медонам, ки то панҷ солу шаш сол дар ин ҷо меҳнату зиндагӣ мекунанд. Фарқият чист? Фарқият он аст, ки одамоне, ки бо визаҳои корӣ омаданду кор мекунанд, онҳо легал ҳастанд, кайе ки хоҳанд, аз Корея мебароянду медароянд. Аммо одамоне, ки бо визаҳои туристӣ он ҷо фаъолияти меҳнатӣ мекунанд, онҳо вақте, ки аз Корея баромаданд, 5 сол депорт мешаванд ва ба ягон роҳ ба Корея дохил шуда наметавонанд”.

Маошу шароити хуб, вале...

Афроде, ки дар ин кишвари осиёии дур аз Тоҷикистон муҳоҷири корӣ шудаанд, аз маоши нағзу шароити хуби кор ситоиш мекунанд, аммо мегуянд, ғайриқонунӣ кор кардан дар ин ҷо низ мисли Русияву дигар кишварҳо хатарнок аст. Бо вуҷуди ин, дар ҳамоиши Душанбе аз ҳамкориҳо дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ сухане садо надод.

Раҳмон Улмасов, таҳлилгари масоили муҳоҷирати корӣ гуфт: “Сар аз соли 2022 барои шахсоне, ки аз Узбекистон ба Кореяи Ҷанубӣ барои кор мераванд, барои онҳо қоидаи нав пайдо шуд, яъне аз забони кореягӣ бояд имтиҳон супоранд. Яъне хоҳишмандон аз Узбекистон хеле зиёданд. Лекин шаҳрвандоне, ки аз Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ мераванд, шумораи онҳо на он қадар зиёд аст ва бисёри онҳо ғайриқонунӣ мераванд, ё ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд. Барои ҳамин ҳам хеле хуб мешуд, ки дар бораи ҳамин масъала мавқеи худашонро муайян кунанд. Хеле хуб мешуд, ки ҷавонони мо имконият пайдо кунанд, ки ба Кореяи ҷанубӣ барои кор роҳ ёбанд”.

Ба қавли таҳлилгарон дар сурати даст ёфтан ба созишишномаи муҳоҷирати корӣ ба Кореяи Ҷанубӣ, бозори кори ин ин кишвар барои муҳоҷирони кории тоҷик наметавонад ба бозори корӣ Русия рақобат кунад. Зеро бозори кори Русия густарда ва забони русӣ ба сокинони Тоҷикистон ошно аст. Ҳоло омори дақиқи шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ вуҷуд надорад, аммо садҳо ҳазор нафар муҳоҷири тоҷикистонӣ дар бозори кори Русия ва Қазоқистон харидор доранд.

Тоҷикистон аз соли 1992, яъне пас аз даст ёфтан ба истиқлол ҳамкорӣ дорад. Дар соли 2018 гардиши мол байни ду кишвар беш аз 27,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.