Аскар Ҳаким, шоири халқии Тоҷикистон, олим, мунаққид, рӯзноманигор ва ҳам нафаре, ки солҳои зиёд ҳамчун мансабдори мақомҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ шинохта мешавад, тирамоҳи имсол 75 сола шуд.
Ӯ аз камшумор эҷодкорони имрӯз аст, ки дар матбуоти давр ва ҳам байни мардум вирди ному шахсияташ баҳсҳои зиёд чарх мезанад. Чандест, ки бо ташаббуси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати солрӯзи ӯ дар толори Иттифоқ ва дигар толорҳои муассисаҳои таълимӣ маҳфилу шабҳои эҷодӣ доир мегарданд. Дар барномаи навбатии Меҳмони Озодӣ ӯро ба студияи Радиои Озодӣ даъват кардем ва нахуст пурсидем, ки истиқболи мардум аз маҳфилҳои эҷодиатон чӣ гуна аст?
"Мардум ҳанӯз дилбасати шеъранд"
Аскар Ҳаким: Иштироки меҳмонону ҳаводорону мухлисон маро бори дигар ба адабиёту шеър дилбаста будани мардум мутақоид кард. Зеро ба сабаби бемории ҳамагир инсонҳо аз ҳамдигар дар ҳарос буданд ва маъмулан ба ингуна ҳамоишҳо камтар меомаданд. Бо ин вуҷуд ба толор нигоҳ кардаму гуфтам, ки инқадар одамро кӣ ҷамъ кард. Чунки Иттифоқи нависандагон ташкилоти эҷодӣ аст ва воситаи маҷбуран овардани одамонро ба толор надорад. Танҳо нафароне, ки омаданд тариқи фейсбук огаҳ гардида буданд. Ман дар шабакаи иҷтимоии фейсбук тақрибан 10 ҳазор обуначию дӯстон дорам.
Радиои Озодӣ: То ҷое мушоҳида кардам дар маҳфили охиратон дар толори Иттифоқи нависандагон нафаре аз ҳукумат ё аз номи шахси аввал шуморо табрик накарданд.
Аскар Ҳаким: Вақте пеш аз баргузории маҳфил бо масъулони Иттифоқи нависандагон машварат доштем, онҳо аз ман пурисиданд, ки ин ҷамъомадро ҳамчун маҳфил гузаронем ё ба мисли ҷашни солгард (юбилей) таҷлил кунем. Ман худам гуфтам, ки ҳамчун маҳфили адабӣ доир мекунем. Бе ҳамҳамаю расмиёти изофагӣ. Вале бо вуҷуди ин муовини раиси шаҳри Душанбе аз номи раиси шаҳр маро ба хонаам омада табрик карда буданд. Дар маҳфил муовини президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Қосимшо Искандаров, раҳбарони Иттифоқи нависандагон ва намояндагони Вазорати фарҳанг низ ба табрик омада буданд.
Радиои Озодӣ: То ҷое медонам, шумо пештар аз таваҷҷӯҳи хоси раҳбари давлат бархурдор будаед. Шунидам, вақте мехостед барои табобат ба хориҷа равед, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шумо табибонро аз хориҷ овардаанд. Чунин ҳам буд?
Аскар Ҳаким: Соли 2011 ба бемории сактаи дил гирифтор шудам ва бояд ҷарроҳӣ мекардам. Дӯстон ба ман маслиҳат доданд, ки барои ҷарроҳӣ бояд ба Эрон равам. Ман тариқи як мактубча ба ҷаноби президент гуфтам, ки ба чунин ҳолат дучор шудаам ва умеди дуои роҳ талаб кардам. Баъди се рӯз аз Вазорати тандурустӣ ба ман занг зада гуфтанд, ки шароити бемористони Ибни Синоро бубинед ва агар мувофиқ бошад табибро аз Эрон барои ҷарроҳӣ ба инҷо даъват кунем, то ки дар роҳ азият накашед. Ҳамин тавр ҳам шуд ва харҷашро бо супориши президент пардохт карданд.
Радиои Озодӣ: Ҳоло ҳам аз чунин таваҷҷӯҳ бархурдор ҳастед?
Аскар Ҳаким: Ҳоло ба қавле бознишаста шудем. Вале ба фикрам маро ҳанӯз ҳам фаромуш накардаанд, чунки дар ҷашни 30 солагии Истиқлолият бо нишони ҷашнӣ қадрдонӣ намуданд.
"Шукрия" ва "Мадҳия" аз нигоҳи шоир
Радиои Озодӣ: Бисёриҳо чунин гумон мекунанд, ки агар шоирон мадҳия гӯянд баъд зери назари хос қарор мегиранд. Ҳатто аз ашъори Шумо низ иқтибос мекунанд. Суол мегузоранд, ки чӣ чиз шоирони номдорро маҷбур мекунад, ки дар бораи президент ё атрофиёни ӯ мадҳия сароянд?
Гуфта будам, пешвои миллатӣ,
Давлати тоҷики соҳибдавлатӣ.
Зодрӯзат зодрӯзи бахти мост,
Устувору маҳкам аз ту тахти мост.
Номи ту бо номи тоҷик зинда бод,
Рамзи иқболи Ватан поянда бод!
Аскар Ҳаким: Бале. Таърихи навиштани ин шеър низ ба ҳамон рӯзҳои бемориам пайванд мешавад. Зеро харҷи ҷарроҳии ман ҳамон вақт 15 ҳазор доллар буд ва шояд дар дигар кишварҳо ду ё се баробар аз ин ҳам зиёдтар пардохт мекардам. Дар Амрико бештар аз 100 ҳазор доллар аст. Ин маблағро масъулон бо супориши президент пардохт карданд. Пас ин шеъри ман ҳам мешавад “Шукрия”, на инки “Мадҳия”. Мадҳия ҳамон вақт гуфтан мумкин аст, ки ту агар чунин нависию интизори чизе бошӣ, вале ҳолати мо баръакс буд. Ман аз он кас ҳеч чиз талаб накарда будам, вале азбаски чунин меҳрубонӣ карданд ва ман низ хостам беҷавоб нагузорам. Ҳарфи ман саддарсад воқеъият аст. Зеро ман дар маркази шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам ва ҳодисаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамааш дар хотираам нақш бастаанд. Он солҳо баъди соати дуи рӯз ҳеч кас дар куча намемонд. Дар кучаҳои Душанбе мурдаҳо то ду рӯз бӯй карда мемонданд, наздиконашон барои омада гирифтан ҷуръат намекарданд. Ҳамаи инро ман ба чашмам дидаам.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Айнан ҳамон солҳо шумо раиси Иттифоқи нависандагон будед. Замоне буд, ки давлатдорӣ ва қонунсолорӣ тақрибан набуд. Он замон аз рўи “зўр” кор мегирифтанд. Оё буданд ҳолатҳое, ки нафароне меомаданду аз Шумо бо зӯр талаб мекарданд, ки онҳоро ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул намоед?
"Агар бо танк биоед, қабул намекунем"
Аскар Ҳаким: Ман соли 1991 то соли 2003 раиси Иттифоқи нависандагон будам, он солҳо бисёр солҳои вазнину хатарнок буд. Албатта, ба тариқи шўхӣ ба тариқи зўроварӣ он чизе, ки шумо гуфтед мешуд.
Боре дар як садорат, як шоири ҷавон пурсид, ки “Кай маро ба узвият қабул мекунед?”, ман гуфтам, ки ба узвият пазируфтан кори шахсии ман нест, вазифаи ташкилот аст, вазифаи шўрои назм аст, масъули ин бахш шоири хеле хуби мо, Раҳмат Назрӣ аст. Шеърҳои худро меоред, мехонем, Шўро муҳокима мекунад, баъд агар арзанда бошед, қабул мекунем. Гуфт, ки агар ин хел кашол додан гиред ман бо “Автомат” меоям. Гуфтам, ки “Бо танк ҳам ойӣ, ғайриқонунӣ қабул намекунам”.
Радиои Озодӣ: Сару садое ҳам ҳаст, ки дар як ҷаласаи ҳукуматӣ эҷодкори ҷавони дигаре ҳам ба президент аз болои шумо шикоят карда, иброз доштааст, ки ман аз минтақаи Хатлонам ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз шимол аст ва ба ҳамин хотир маро ба узвияти ин ташкилот қабул намекунанд. Оё ин гуфтаҳо воқеият дорад?
Аскар Ҳаким: Бале, воқеият дорад. Ин ҳарф дар шоҳидии як толор одамон дар театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ гуфта шудааст. Анҷумани Иттифоқи нависандагон буд, президент дар оғози Анҷуман иштирок доштанд ва дар паҳлўи ман менишастанд. Як хонум ба президент муроҷиат карда, гуфт, ки “ман аз фалон ҷой ҳастам ва Аскар Ҳаким маро ба узвият қабул намекунад”.
Президент гуфтанд, ки ман ҳам туро қабул намекунам, роҳбари ин ташкилот Аскар Ҳаким аст ва ин кори ўст.
Радиои Озодӣ: Шумо ҳам рўзноманигор, ҳам шоир ва замоне вакили парлумон будед ва чуноне, ки иброз доштед, шахси сеюми кишвар ҳам будед. Ба андеши худатон дар кадом самт муваффақ будед ва чӣ корномаи шоистаеро анҷом додед?
Корномаи шоир чист?
Аскар Ҳаким: Албатта, корнома ҳарфи баланд аст. Як дўсти бисёр хубам Исмоилӣ Хуӣ аз Эрон аст, ки баъд ба Аврупо ҳиҷрат кард. Ман бо ў дар Лондон ошно шуда будам, бо ҳам дўст шудем, ба хонааш рафтаам. Ў ба ман як китоби ду ҷилдаашро тақдим кард, ки номи китоб “Корномаи Исмоили Хуӣ” буд. Ин корнома китоби шеъраш буд. Агар кори шоириро корнома гуфтан мумкин бошад, коре, ки мо кардем ва онро ҳеч вақт тарк накардам хамин соҳа буд.
Баъзе дўстонам мегўянд,- Аскар ту муовини раиси Маҷлис будӣ, аммо мо дар ту тағйиротеро ҳамчун шахсият эҳсос накардем. Ту ҳамон гуна, ки шоир будӣ шоир мондӣ.
Маро дар ҷомеа ҳамчун муовини раиси Маҷлис намешинохтанд, маро чун шоир мешинохтанд. Мардум маро ҳамеша хамчун шоир қабул мекарданд.
Радиои Озодӣ: Мо огоҳ ҳастем, ки шумо аз зумраи нафароне ҳастед, ки барои ба Хуҷанд иваз шудани номи Ленинобод зиёд талош кардаанд, бигўед, ки барои расидан ба ин мақсуд чи мушкилоте пеши роҳ буд?
Аз Ленинобод то Хуҷанд
Аскар Ҳаким: Он замон дар худи Хуҷанд ҷамъияте созмон дода шуда буд, бо сарварии Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ки талош менамуд ба Хуҷанд номи аслиаш баргардонда шавад. Ман он солҳо Сардабири ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” будам. Мақолаеро аз номи ин ташкилот дар мавриди баргардонидани номи Хуҷанд дар рўзнома нашр намудам ва дар маҷлиси ҳукумати Хуҷанд ин мақола баррасӣ мешавад. Он вақт Ҳизби коммунист сари кор буд. Аз номи халқ мактуб менависанд, ки ҳамин хел пешниҳод дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” нашр шудааст, ки сармуҳаррираш Аскар Ҳаким аст. Ин хиёнат ва ватанфурўшист ва талаб менамоем, ки Аскар Ҳаким ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Дар ҳамон шабу рўз воқеаи аҷибе рух дод, хонаи як дўсти ман аз Хуҷанд як нафари мансабдори боэътибор ба меҳмонӣ омад ва маро дўстам даъват кард. Дар меҳмонӣ маро он шахс ба насиҳат кардан оғоз кард. Ба шумо ҳамин корҳо чӣ даркор? Чаро худро ба чунин ҷанҷолҳо ҳамроҳ месозед? Шумо ифтихори мо. Ба ин корҳо ҳамроҳ нашавед. Ва мисли инҳо. Ин кас ҳам дар он ҷаласа иштирок карда, ба ҷазо додани ман райъ дода буд. Ва имрўз ба ман чунин суханҳо мегўяд. Ҳамин ҳолат ба ман таъсир карду ман шеъри “Дуруд ба Фарзона”-ро ва сипас ғазали “Ғуссаи “Хуҷанд”-ро навиштам.
Он замон ҳизби Коммунист қудраташро аз даст дода буд ва ман ҷазо нагирифта мондам, лекин номи Ленинобод ба Хуҷанд иваз шуд.
Баҳс бо Мӯъмин Қаноат
Радиои Озодӣ: Вале бо ин вуҷуд дар доираи рўзноманигорону адибон шуморо чун як шахси чолишбарангез ҳам медонанд ба ин маънӣ, ки дар мавқеъгириҳои хеш ошкоро ҳастед ва ман ин ҷо аз навиштаҳоятон, ки роҷеъ ба Мўъмин Қаноат ба нашр расонидед, ёдовар шуданӣ ҳастам. Имрўз, ки устод дар қайди ҳаёт нестанд, нисбат ба навиштаҳои хеш чӣ назар доред?
Аскар Ҳаким: Он мақолаи ман ҷавоб ба мусоҳибаи Муъмин Қаноат аст. Дар мусоҳиба ҷавобҳои устод натанҳо ба шахсияти ман мерасид, балки кори анҷумани Иттифоқи нависандагонро зери шубҳа мегузошт. Ман ба он кас ҷавоб навишта будам, то мардум аз ҳақиқат огоҳ шаванд.
Соли 1991 дар Анҷуман мо шаш нафар номзад ба раиси Идтиҳодияи нависандагон будем, устод Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Саттор Турсун, Аскар Ҳаким, Убайд Раҷаб. Дар охир мо ду нафар мондем, ману Муъмин Қаноат. Вақте ки овоздиҳӣ шуд, ман аз устод 20 райъ зиёд гирифтам. Ҳама аз рўи қонун. Овоздиҳии пинҳонӣ. Комиссияи интихобот. Раиси коммисия Адаш Истад. Муъмин Қаноат қайд карданд, ки дар ҳамон анҷуман дар овоздиҳӣ ба тақаллуб роҳ дода шуд. Ман ҷавоб додам, ки фаъолияти анҷуман ва комиссия интихоботро ба ноҳақӣ ба тақаллуб айбдор кардан дуруст нест. Ман дар ҷавоби худ ба ғалат будани суханони устод далелҳои худро овардам ва устод дар қайди хаёт буданд.
Радиои Озодӣ: Вале муносибататон хуб буд бо устод?
Аскар Ҳаким: Устод солҳои охир хислати аҷиб пайдо карда буданд. Гаправ шуда буданд. Масалан, шумо меомадед ва мегуфтед, ки Аскар Ҳаким беҳтарин шоир аст ва беҳтарин инсон ба шумо исбот мекарданд, ки воқеан шоир ва инсони хуб аст ва агар мегуфтед, ки Аскар Ҳаким шоир нест ва инсони бад, як соат исбот мекарданд, ки воқеан шоир нест ва инсони хуб низ.
Ин мусоҳибаи устод низ дар хамин рўҳия сурат гирифтааст. Вақте мусоҳиба чоп шуд устод омаданд ба Иттифоқи нависандагон барои узрпурсӣ. Ман дар утоқам набудам, дар утоқи муовин интизор нишастаанд. Ба ман хабар доданд, ки устод дар утоқи ҷонишин аст ва ман наздашон даромадам. Он кас чизе нагуфтанд, ман ҳам чизе нагуфтам ва рафтам. Пас аз ҳафтае ҷавоби ман нашр шуд ва ман қайд кардам, ки агар ҳарфи дуруғе гуфта бошам, устод ҷавоб диҳанд. Устод ҷавоб надоданд.
Баҳс бо "Самак" ва Юсуф Акбаров
Радиои Озодӣ: Як баҳси дигари доманадоратон бо Юсуф Акбаров низ буд. Натиҷаи ин баҳсҳо ба куҷо расид?
Аскар Ҳаким: Ба ҳеч ҷо нарасид. Бовар кунед, ман ҷавоби охиринро ҳатто нахондам. Сарчашмаи баҳс он буд, ки ман нав аспирантураи Маскавро хатм карда омадам ва ба ман супориш доданд, ки дар мавриди нақд маърўза кунам. Дар он ҷо ман аз иштибоҳҳои Юсуф Акбаров гуфтам. Ҳанўзам дар ёдам ҳаст. Масалан, дар тақризаш дар бораи шеърҳои Ҳабибуллоҳ Файзулло менависад, ки шеърҳои ошиқонааш бисёр самимиву нағз аст, дар поёнтар бошад қайд мекунад, ки шеърҳояш булҳавасона аст. Ман гуфтам, ки ин чигуна танқид аст. Ин аввалин бор буд, ки мунаққидро дар анҷуман танқид мекарданд. Солҳои 70-уми асри гузашта буд. Аз ҳамон вақт ин нафар бо ман чап шуд. Яке аз дўстони наздикаш, боре як китоби онкасро бароям оварда гуфт, ки дар ин китоб 170 саҳифа танқиди шумо аст. Ман гуфтам, ки ман навиштаҳои Акбар Юсуфовро намехонам ва воқеан он китобро то имрўз нахондаам. Вақте раиси Иттифоқи нависандагон будам ман ба навиштаҳо ҷавоб наменавиштам, медонед барои чӣ? Барои он ки ман раис будам ва медонистам, ки онҳо ба ман корафтода мешаванд. Масалан, ба Юсуф Акбар хона дода шуд. Он замон ман котиби ташкилоти партиявӣ будам ва бе имзои ман хона дода намешуд. Ман ба ин кор монеъгӣ накардам, чун баҳси мо ҷудо аз ин корҳо буд.
Баъд аз рафтан аз вазифаи раиси Иттифоқи нависандагон он кас боз навиштанд ва ман ин навбат ҷавоб гуфтам.
Радиои Озодӣ: Ман ин саволҳоро ба он хотир медиҳам, ки воқеан бояд насли ҷавони мунаққидон аз ин гуна баҳсҳо бохабар шаванд ва ибрате ҳам бигиранд. Ин ҷо боз як баҳси дигар ҳам ба ёд меояд. Баҳси шумо бо рўзномаи “Самак”. Ҳоло ҳам рўзноманигорон ин баҳсро дар хотир доранд ва баъзеҳо даъвои шуморо ба сифати фишоре ба озодии баён ҳам мешиносанд.
Аскар Ҳаким: Ман ҳамон рўзе, ки он мақоларо дар “Самак” хондам аз ин рўзнома тамоман эътиқодам гашт. Сад дар сад дурўғ менависанд то имрўз. Бубинед, онҳо навиштанд, ки бинои Иттифоқи нависандагонро собиқ раисаш фурўхт ва пулашро ба киса зад. Он солҳо ман раиси Иттифоқи нависандагон будам. Ман навиштам, ки ба ман исбот кунед, кадом биноро, ба куҷо, ба кӣ фурўхтам? Ин кор дар Иттифоқи нависандагон нашудааст. Дигар ин, ки онҳо навиштанд, ки мо дар шумораи минбаъда аз ман узр пурсиданд. Ин ҳам дурўғ аст. Дар рўзнома ягон узрхоҳӣ набуд. Сеюм, касе, ки ин мақоларо навиштааст, гуфтааст, ки дар Академия ҳама одамони бесавод кор мекунад. Академияе, ки 1500 корманд дорад, даҳҳо доктори фан ҳаст. Ман мақоларо хондам ва ҷумлаҳои онро таҳрир карда гуфтам, ки аввал ҷумланависиро ёд гир ва баъд ба донишмандони Академия эрод гир. Баъд рўзнома эълон кард, ки Аскар Ҳаким аз муаллими қишлоқ ҷарима хоста истодааст. Вақте, ки мақоларо нашр карданд, чаро дар болои мақола нанавиштанд, ки муаллиф муаллими қишлоқ аст. Ҳар чизе дар мавриди ин баҳс мегўянд, дурўғ аст.
Радиои Озодӣ: Мегўянд, хатои техникӣ буд ва ба ҷои Иттифоқи рассомон, Иттифоқи нависандагон рафтаааст.
Аскар Ҳаким: Хатои техникӣ як ҳарф мешавад. Як ҷумла намешавад. Суд қазияро таҳқиқ кард ва онҳо даҳ ҳазор қарздоранд.
Радиои Озодӣ: Устод шумо, ки рўзноманигор низ ҳастед, фикр намекунед, ки ин қазия метавонад як латмае ба озодии баён низ бирасонад?
Аскар Ҳаким: Рўзноманигор бояд босавод бошад. Вай, ки муаллим аст, чӣ тавр метавонад як Академия кормандонро бесавод гўяд. Рўзноманигор чизеро, ки менависад бояд омўзад.
"Гуфта будам, ки осорхонаи Айниро хароб намекунанд"
Радиои Озодӣ: Имрўз мушоҳида мекунем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол ҳастед, вале дар баҳсе, ки дар мавриди тахриби хона-музейи Айнӣ дар Фейсбук сар зад, иштирок накардед ва назари хешро дар ин маврид баён надоштед, чаро?
Аскар Ҳаким: Ман аз аввал медонистам, ки ин кор намешавад. Ман инро борҳо ба хонаводаам гуфтаам, ба рўзноманигори “Азия плюс” низ роҷеъ ба ин масъала назари хешро гуфтам, ки ин корро кардан мумкин нест.
Радиои Озодӣ: Сухан аз қадри хидматҳои бузургон меравад. Ба андешаи Шумо дар замони бозаргониву фановарии бошиддат то чӣ андоза ба шоир ва шеъри ў таваҷҷуҳ ва ниёз аст?
Аскар Ҳаким: Агар аз назари равонӣ гирем, ба шеър, ки як соҳаи равонии ҳунар ҳаст, хамеша талаботи равонии инсон боқӣ мемонад. Агар инсон мусиқиро дўст медорад, рассомиро дўст медорад, рақсро дўст медорад, ин ҳама дар шеър инъикос мешавад. Шеър мусиқӣ аст, зебоии калом аст, тасвир аст. Ҳама чӣ дар шеър ҳаст. Ниёз ба шеър боқӣ мемонад.
Радиои Озодӣ: Аз пешаи шоирӣ, пушаймон нестед. Шоирӣ ниёзҳои модии хонаводаи шуморо ҳам таъмин кард?
Аскар Ҳаким: Агар ҷавонони имрўз ин пешаро интихоб кунанд, зиндагиашонро аз ҷиҳати моддӣ таъмин карда наметавонанд, маслиҳат намедиҳам. Ҳоло замон дигар шудааст, аммо агар шеър талаби рўҳониву равонии шумо бошад, онро иҷро накарда наметавонед. Агар ҳавас бошад, иҷро накардан боке нест, агар дар ҷисму ҷон нишаста бошад, маҷбур мекунад, ки ин корро кунед. Ман фикр мекунам, то замоне, ки инсон ба маънавиёту зебоӣ ниёз дорад, шеъру адабиёт гум намешавад ва агар ҷомеа солим бошад, руҳи инсон солим бошад, тамоми фановариро барои ғановати маънавияташ бояд истифода кунад. Дастоварди инсон барои маънавияташ хизмат бояд кунад.
Радиои Озодӣ: Ҳоло бо чӣ кор машғулед ва чӣ нақшаҳо доред?
Аскар Ҳаким: Ман корҳои қаблии худро идома медиҳам ва аз нигоҳи вазифа, ки сарходими Институти забон ва адбаиёти Рўдакӣ ҳастам, нақшаҳои корӣ дорем, ки онро бояд иҷро кунем. Ба навиштани таърихи адабиёт ва очеркҳои адбиёт машғул ҳастам. Ният дорам, дар бораи шоирони асри 20-21 очеркҳои эҷодиёташонро нависам. Якеро нашр кардам. “Мақоми шеър дар осори устод Айнӣ”. Ҳамингуна рисолаҳо дар бораи Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиби Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода ва дигарон таҳия хоҳанд шуд. Ин таҳлилҳои ман бо нигоҳи нав сурат хоҳанд гирифт.