Баҳси девор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чанде аз сокинони як деҳа дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 30-юми ноябр аз ҳузури низомиёни Қирғизистон дар атрофи хонаҳояшон ибрози нигаронӣ карданд. Ин деҳа бо ҷамоати Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст. Идораи марзбонии Тоҷикистон вазъро расман шарҳ надодааст. Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон гуфт, аз корҳои сохтмонӣ дар як минтақаи баҳсӣ дар марз бо Тоҷикистон пешгирӣ кард.