Ҳазораҳо мегӯянд, Толибон онҳоро аз хонаҳояшон меронанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аъзои ҷамоаи ҳазораҳои Афғонистон, ки шиа мебошанд, шикоят доранд, ки Толибон онҳоро аз хонаҳояшон берун мекунанд. Гурӯҳи оилаҳои ҳазора, ки аз вилоятҳои Дайкундӣ ва Урузгон ба пойтахти Афғонистон фирор кардаанд, мегӯянд, Толибон шабона ба хонаҳояшон омада, онҳоро аз манзилашон меронанд.