Ба пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит иҷозат надодаанд, ки бо ӯ мулоқот кунанд

Маҳмадалӣ Ҳайит

Ба пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит, узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, иҷозат надодаанд, ки бо ӯ мулоқот кунанд.

Масъулони боздоштгоҳи рақами яки Душанбе гуфтаанд, "вай тартиботро вайрон кард", вале шарҳ надодаанд, ки чиро. Ин дар ҳолест, ки як масъули Идораи зиндонҳои Тоҷикистон мегӯяд, онҳо ба дидорбинӣ ризоят дода буданд.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини пешини раиси ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст. Наздиконаш дар ним сол як бор ҳақ доранд, ӯро аз наздик бибинанд.

Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадаалӣ Ҳайит, 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "имрӯз вақти мулоқот буд", аммо ӯ, писараш ва хоҳари шавҳараш "ноумед" ба хона баргаштаанд.

"Гуфтанд, ки тартиботро вайрон кардааст. Пурсидем, кадом низомро вайрон кард? Посух надоданд. Масъули СИЗО гуфт, мулоқот иҷозат дода намешавад," – нақл кард Ҷӯрабекова.

Як корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия бе зикри номаш гуфт, дар ин бора ба онҳо хабаре нарасидааст. "Барои мулоқот ариза навишта буданд. Иҷозат дода шуд. Аризаро ба дасти ҳамсари Ҳайит додем. Метавонанд, раванду мулоқот кунанд," -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Савринисо Ҷӯрабекова мегӯяд, дар ҳақиқат, ҷавоби аризаи навиштаашро доданд, вале дар боздоштгоҳ қабул накардаанд.

Хонаводаи Маҳмадалӣ Ҳайит шаш моҳ қабл, рӯзи 22-юми май, бо ӯ дар боздоштгоҳ мулоқот доштанд. Он замон ӯ гуфта буд, ки масъулони зиндон радио ва чойники обҷӯшонияшро гирифтаанд.

Маҳмадалӣ Ҳайит соли 2016 дар як мурофиаи паси дарҳои баста бар асоси 14 банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ба ҳукми абад маҳкум шудааст, ҳарчанд ӯ ва наздиконаш қарори додгоҳро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид соли 2018 боздошти Ҳайитро ғайриқонунӣ донист ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ӯро бе ягон қайду шарт ва фавран озод кунад. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, гуноҳи ӯ ва дигарон исбот шудааст ва онҳоро аз зиндон раҳо намекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Чаро Тоҷикистон тавсияи СММ-ро ба назар нагирифт?Посухи норӯшани вазири адлия дар бораи саломатии Маҳмадалӣ ҲаитОмбудсмен ба дархости хешони аъзои зиндонии ҳизби наҳзат "не" гуфт9 созмони ҳомии ҳуқуқ хостори озодии Маҳмадалӣ Ҳайит шуданд. ВИДЕОАз исён то ғасби қудрат. Эълони 13 айб алайҳи муовини раиси ҲНИТ