Вакилони тоҷик буҷаи 2022-ро бе баҳс қабул карданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон 24-уми ноябр бе баҳсу баррасии зиёд буҷа (буҷет)-и соли ояндаро тасдиқ карданд. Мақомот гуфтанд, буҷаи соли оянда дар муқоиса ба буҷаи имсол 19% зиёд аст. Вале коршиносон мегӯянд, мақомот ба ҷои ҳамасола зиёд кардани буҷа бояд хароҷоти давлатиро кам кунанд.