Хабари фирори раиси Ҳизби "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров, ки дар Интернет аз номи бахши қирғизии Радиои Озодӣ паҳн карда мешавад, ҳақиқат надорад.
Ин хабарбори аввал 22-юми ноябр дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" нашр шуд. Узви Шӯрои сиёсии ҳизби мазкур Мирбек Мунарбек уулу хабар дод, ки Мадумаров барои мулоқот бо интихобкунандагон ба Русия рафтааст ва 26-уми ноябр ба Қирғизистон бармегардад.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳамаи ахбор, матлаб ва видеоҳои радио дар сомонаҳои расмии он - "azattyk.org" ё "rus.azattyk.org" нашр мешаванд ва хабари фирори Мадумаров бо аксе, ки дар он логотипи радио оварда шудааст, асос надорад.