Дар ИМА воксинаи сеюм ё тақвиятдиҳандаи зидди COVID-19 иҷоза шуд

Ҷо Байден, президенти ИМА вояи сеюми тақвиятдиҳандаи воксинаро қабул мекунад

Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар ИМА рӯзи 19-уми ноябр санадеро имзо кард, ки қабули воксинаи сеюми тақвиятдиҳандаи саломатиро дар муқобили COVID-19 иҷоза медиҳад. Ҳадаф аз ин боло бурдани тавони муқовиматпазирии организм дар муқобили вируси COVID-19 мебошад. Вояи сеюми воксина барои афроди аз 65-сола боло аллакай дастрас аст. Мақомот машварат додаанд, ки сокинони 50 то 64-сола ҳам метавонанд аз ин воксина бигиранд. Шарт ин аст, ки охирин вояи воксинаи Pfizer ё Moderna бояд шаш моҳ пеш гирифта шуда бошад. Инчунин табибон иҷоза додаанд, ки дафъаи сеюм навъи дигари фарқкунандаи воксина қабул шавад. Барои онҳое, ки воксинаи якдафъаинаи сохти Johnson & Johnson's-ро гирифтаанд, вояи дуюми тақвиятдиҳанда баъди ду моҳи эмшавӣ иҷоза дода мешавад. Масъулон мегӯянд, ҳатто бе дафъаи сеюми эмшавӣ ҳам ҳамин се навъи воксина тавони бисёр қавии ҳимояти бадан дар муқобили COVID-19-ро намоиш додааст.

Дар ИМА тахминан 60 дарсади аҳолӣ пурра эм шудаанд ва беш аз 32 миллион калонсол вояи сеюмро гирифтаанд.