Собиқ президенти зиндонии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ба беморхонаи низомӣ интиқол ёфт ва, ба қавли вакили дифоъ ва табиби ӯ, қарор аст он ҷо гуруснанишиниашро хотима диҳад. Ӯро шаби 19-уми ноябр ба як беморхонаи низомии шаҳри Гори бурданд, чун баъди 50 рӯзи гуруснанишинӣ нигаронӣ аз вазъи саломатии ӯ бештар мешавад. Ҳуқуқшинос Ника Гварамия уфт, ки Саакашвилии 53-сола розӣ шуд, ки дар сурати ба беморхона интиқол ёфтанаш даст аз гуруснанишинӣ бардорад. Духтури хусусии ӯ Ноколоз Кипшидзе гуфт, ки Саакашвили бояд чандин озмоиши тиббиро гузарад. Ҳолати ӯ, ба гуфтаи духтур, мӯътадил, вале сангин аст. Дирӯз вақте ҳуқуқшинос ба беморхонаи зиндон барои дидани Саакашвили ворид шуд, ӯ аз ҳуш рафт. Як тими табибоне, ки аз ҷониби Омбудсмени Гурҷистон таъин шудааст, ҳафтаи ҷорӣ хулоса кард, ки президенти собиқ аз дарди гурдаву мушкилоти асаб азият мешавад.