Диловар Ҷӯраев гуфт, Русия ӯро бо як шарт озод кардааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Диловар Ҷӯраев, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия дастгир шуда буд, рӯзи 16-уми ноябр аз боздошт раҳо шуд. Вале Ҷӯраев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки додситонии Русия ӯро "бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист" озод намудааст.