Ширкати "Северэлектро"-и Қирғизистон ҳушдор дод, ки аз 16-уми ноябри соли равон интиқоли нерӯи барқро ба 4600 муштарии қарздор дар шаҳри Бишкек қатъ мекунад.
"Ҳаҷми умумии қарзи ин муштариён аз пули барқ 12,1 миллион сомро ташкил медиҳад", - изҳор дошт сухангӯи ширкат Мээрим Юсупова дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ.
Ин дувумин ҳушдори ширкати "Северэлектро" дар моҳи ноябр аст. Он ибтидои моҳи равон барқи 6 ҳазор муштариро хомуш карда буд.
Қирғизистон зимистони имсоларо бо буҳрони энержӣ пешвоз мегирад.