Имрӯз дар бораи патент ва ё иҷозаи кор дар Русия суҳбат мекунем, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик барои гирифтани он азоб мекашанду сарсону саргардон мешаванд.
Як гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора, ки Русия мехоҳад, дар худи Тоҷикистон ба хоҳишмандон иҷозаи кор бидиҳад ва сипас ба Маскаву Санкт-Петербургу шаҳрҳои дигар бибарад, баҳси зиёдеро ба миён овард.
Ҳама аз ватан гурехтанд, чун медонанд, ки дар Тоҷикистон мутахассис қадр надорад. Фақат пора бидеҳ, дар курсӣ бинишин. Саводи ту муҳим нест.Як корбар
Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, Русия агар чунин кунад, бисёр хуб мешавад. Корбаре бо номи "Прауд Принтс" мегӯяд, "ба фикри ман, бисёр хуб мешавад. Аввал миёнаравҳо гум мешаванд. Дувум, агар рад ҳам кунанд, дар ватан меистӣ, сарсон намешавӣ."
Баръакси ин, гуруҳи дигаре гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон ба роҳ мондану гирифтани иҷозаи кор ва ё патенти Русия кори дурусте нест, чун дарди сари муҳоҷиронро зиёдтар мекунад. Ба навиштаи ин гуруҳ, қазияи патент дар Тоҷикистон ба тамаъҷӯӣ ва ришвахории зиёд олуда мешаваду тамом ва кори касеро ҳам осон намекунад.
Шарҳи Мустафоро аз саҳифаи мо дар Инстаграм мехонем, ки бо ҳамин мазмун аст: "Ба Худо, аз Русия дида саргардонтар мешавем. Дар Русия хуб аст, ки пулашро дар банкомат месупорӣ, бас. Дар Тоҷикистон манбаи нави коррупсия ва саргардониҳо мешавад. Вақт довар аст."
Гуруҳи дигаре аз корбарон дар саҳифаи мо дар Фейсбук ва ҳам Инстаграм гуфтаанд, ки дар худи Тоҷикистон ҷалб кардани қувваи корӣ ба Русия бар зарари тоҷикон аст, чун мутахассисони хуб дар кишвар кам мемонанд.
Корбаре бо номи "Қараев 0007" дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм шарҳи ҷолиберо гузоштааст, ки ҳамроҳ мехонем: "Ин Русия бисёр доно аст, медонад, чӣ гуна одамҳоро барад, яъне мутахассис, ки забону касбашро хуб донад. Барои ҳамин дар Тоҷикистон на шоир монд, на доктори илму на бизнесмен ва на ҷарроҳи хуб. Ҳама аз ватанашон гурехтанд, чун медонанд, ки дар Тоҷикистон мутахассис қадр надорад. Фақат пора бидеҳ, дар курсӣ бинишин. Саводи ту муҳим нест."
Барномаро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шарҳи зиёди дигар дар бораи он аст, ки агар дар Тоҷикистон шароит барои офаридани ҷойҳои нави корӣ фароҳам кунанд, сохтани марказе барои гирифтани иҷозаи кор дар Русия лозим намешавад.
Ин корбарон ҳукуматро танқид кардаанд, ки ба ҷойи фароҳам кардани шароит роҳи осони фиристодани муҳоҷиронро ба Русия ҷустуҷӯ дорад. Шарҳи корбареро инҷо ҳамроҳ мебинем, ки худро "Мурадис2017" номидааст:
"Русия даркор нест. Ягон зарра қадр надорем. Гӯед, ки дар ватан ҷойи кор ёбанд, то ватанро обод кунем. Ким-киҳо меоянд ба Тоҷикистон, мо ба Русия ба ғуломӣ равем? Хитоӣ кор меёбад, турк кор меёбад, барои чӣ тоҷик дар ватани худаш кор намеёбад?"
Айни шарҳро корбарони дигар ҳам гузоштаанд, ки зоҳиран аксарияташон муҳоҷиранд ва ё таъми муҳоҷирати кориро чашидаанд. Аз байни онҳо шарҳи "Драган офиссиал"-ро аз саҳифаи Радиои Озодӣ аз Инстаграм гирифтем. Ӯ чунин навиштааст: "Ҳамин кори Русияро дар Тоҷикистон ташкил кунед, чӣ мешавад? Мо дар Русия аз азоб кашидан мемирем. Зимистон хунук, кор тамоман нест, дар инҷо."