Як ҷавонзан аз ноҳияи Фархор бо гумони қатли хушдоманаш боздошт шудааст.
Мақомот Умеда Шарифова, сокини 31-солаи ҷамоати Дарқади ин ноҳияро бо гумони бо ду зарби корд куштани Файзигул Олимова, хушдомани 55-солааш, рӯзи 9-уми ноябр боздошт карданд.
Назари адвокат ва хешони Умеда Шарифов ҳанӯз дастрас нашудааст, вале Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр хабар дод, ки ин зан “дар вақти муноқиша бо корд 2-маротиба ба гардани хушдоманаш задааст.” Ба гуфтаи мақомот, хушдоманаш дар роҳ ба беморхона ҳалок шудааст.
Додситонии ноҳия нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи “Одамкушӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Як манбаъ дар додситонии Фархор бо шарти зикр нашудани нома гуфт, “сабаби куштор хушунати хонаводагист.”
“Ба тфтишот гуфтааст, ки гуё доим хушдоманаш ӯро ғам медодааст. Ҳамин ҳолат боиси ҷангу ҷанҷол ва боиси ба қатл расонидани хушдоман ба дасти келин шудааст. Ҳоло тафтиш оғоз шудааст ва келин ҳам дар боздоштгоҳ қарор дорад”,--гуфт ин манбаъ.
Дар ШВКД-и ноҳияи Фархор гуфтанд, ки Умеда Шарифова як фарзанд дорад ва замоне ба хушдоманаш ҳамла кардааст, ки шавҳараш дар хона набудааст.
Ҳодисаҳои даст ба куштор задани келинҳо дар вилояти Хатлон ва Тоҷикистон бори аввал нест. Соли 2018 Додгоҳи вилояти Хатлон Маҳпора Ҳикматова, сокини 39-солаи деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷро барои қасдан куштани аъзои хонаводаи шавҳараш 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Моҳи сентябри ҳамон сол Мавлуда Одилова, сокини ноҳияи Ҳамадониро барои заҳролуд кардани чанд узви хонавода боздошт карда буданд. Баъди як сол додгоҳи Кӯлоб Мавлуда Одиловаро баро қатли ҳамсару ду фарзанди хурдсолаш ба 24 соли зиндон маҳкум кард.
Коршиносон мегӯянд, бештари вақт хушунати аз ҳади зиёди хонаводагӣ келинҳоро маҷбур месозад, ки ба чунин амале даст зананд. Дар гузашта худкӯшии занҳои ҷавон низ сабт шуда буд, ки дар он хушдоманҳоро гунаҳкор карданд. Аз ҷумла, соли 2018 Додгоҳи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) Зӯҳро Ҷӯрабекова, сокини 63-солаи ин ноҳияро дар худкушии келинаш Фаризаи Хӯҷаназар гунаҳкор донист ва 5 солу 6 моҳ зиндонӣ карда буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳабси домод барои "ба худкушӣ расондан"-и наварӯс. Модар ба худкушии духтараш бовар надорад. ВИДЕОДостони хушдоману арӯс дар Тоҷикистон. Модару духтар, ё "хоҷа"-ву "хидматгор"? ВИДЕО "Қалин" ва "ҷиҳоз". Ченаки "нарх"-и арӯсу домод дар Осиёи МарказӣБоздошти хусур барои ба худкушӣ расонидани Гулбаҳори 18-солаҶайҳун. Ҷасади наварӯсро аз анбори хонаи шавҳар ёфтаандМуҳокима дар ҳузури мардум. Хушдомани Фариза ба панҷуним сол маҳкум шуд