Идораи гумруки Суғд айбномаи азияти зани соҳибкорро рад кардааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар вилояти Суғд ду соҳибкорзан аз идораи гумруки вилоят шикоят доранд, ки як моҳ инҷониб на сарнавишти бори мусодирашудаву на мошинашон маълум аст. Гумрук мегӯяд, ки моли ин соҳибкорзанон қочоқӣ буда ба ҳамин хотир мусодираву ҳабс шудааст.