Мақомоти Русия бо дархости такрории Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Бишкек Диловар Ҷӯраев, сокини 52-солаи шаҳри Исфараро ба "авбошӣ ва барангехтани низои миллӣ" гумонбар медонад. Пайвандонаш ва мақомоти Тоҷикистон ин иттиҳомро сохта мешуморанд ва ба озодии ӯ талош доранд.
Ба ҷуз аз дархости такрории боздошт, далел ва мавзеъгирии дигари тарафи Қирғизистон дастрас нест. Мақомти ин кишвар чунин талабҳои худро аз ниҳодҳои интизомии Русия шарҳ намедиҳанд.
Пайвандон: "Даъво асос надорад"
Диловар Ҷӯраев шаш моҳ боз мавриди пайгарди Қирғизистон аст, вале мақомоти Русия чанд бор боздошт карда, дар муддати кӯтоҳ озод намудаанд.
Ифтихор Турганов, ҷияни Диловар Ҷӯраев, рӯзи 11-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони пулис ӯро 8-уми ноябр дар маркази шаҳри Новосибирск дастгир карданд. "Рӯзи гузашта додгоҳ қарор кард, ки як моҳ дар ҳабс бимонад", -- афзуд ӯ.
"Ӯро пештар мепурсиданд ва ҷавоб медоданд. Боздошт намекарданд. Ҳоло ба он гунаҳкор мекунанд, ки гуё 13-уми март роҳи қирғизҳоро дар Ворух бастааст. Ин даъво асос надорад, чун мо имкони бастани роҳи онҳоро надорем. Аз ин роҳ мо мегузарем, на онҳо ва онҳо ҳамеша ин роҳро мебанданд", -- гуфт Ифтихор Турганов.
Ҳоло Диловар Ҷӯраев дар Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и шаҳри Новосибирск аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Русия бо талаби Бишкек сокини дигари Ворухро дастгир, вале пас аз бозпурсӣ раҳо кард. ВИДЕО"Авбошӣ ва барангехтани низои байнулмилалӣ"
Яке аз ҳимоятгарони ӯ, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои боздошти ӯ мақомоти Қирғизистон дархости такрорӣ фиристодаанд. "Ӯро ба даст доштан дар ду ҷиноят гумонбар медонанд. Авбошӣ ва барангехтани низои байнулмилалӣ. Худи ӯ гуфт, дар ҳеч муноқиша иштирок надошт. Як марди бузургсол аст ва набера дорад. Хислатномааш хуб аст", -- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар мактубҳои ҷониби Қирғизистон ба мақомоти Русия, ки дар гузашта нусхаҳои онҳо дастраси Радиои Озодӣ шуда буд, гуфта мешуд, далелҳои зиёде дар мавриди Ҷӯраев вуҷуд дорад. Мақомоти Қирғизистон бовар доранд, ӯ ҷиноят содир кардааст. Наздикони Диловар Ҷӯраев гуфтанд, далелҳои ҷониби Қирғизистон шоҳидии шаҳрвандони ин кишвар аст, ки "ғаразнок ҳастанд".
Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қазияи Диловар Ҷӯраевро пайгирӣ доранд. Дафтари матбуотии сафорат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Сафорат огоҳ аст ва дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Русия ва мақомоти дигари дахлдори ин кишвар шарҳ хостааст. Мо то озод шудани шаҳрванд талошҳоямонро идома медиҳем."
Аз ин пеш, Русия бо талаби Қирғизистон Фурқат Абдуфаттоев, як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дастгир карда, чанд моҳ дар боздоштгоҳ нигоҳ дошт. Ӯро моҳи июни имсол озод карданд.
Бисёре аз коршиносон ин боздоштҳоро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд.
Тоҷикистон низ боздошти чанд шаҳрванди Қирғизистонро аз Русия дархост кардааст.
Дар охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқиша рӯй дод, ки дар пайи он аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шуд. Пас аз он муносибати ду ҳамсоя сард гардид.