На ҳама паноҳҷӯён зинда то Аврупо мерасанд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Орзуҳои шикаставу сарнавиштҳои пурфоҷеаи паноҳҷӯён дар Аврупо.

Дар 6 соли гузашта бештар аз якуним миллион муҳоҷиру паноҳҷӯ аз кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна худро ба Аврупо расонидаанд ва талош барои расидан ба зиндагии беҳтар ҳануз ҳам идома дорад.

Аммо баъзе аз онҳо ба мақсади хеш намерасанд ва дар нимароҳи мақсуд ҷон медиҳанд. Мақомоти Сербистон, кишваре, ки як роҳи расидан ба Иттиҳодияи Аврупо аст, марги 68 нафарро тасдиқ кардаанд, вале бовар меравад, теъдоди қурбониён зиёдтар аз ин бошад.

Дар оромгоҳи Сид дар Сербистон шумораи қабрҳои паноҳҷӯён зиёд мешавад. Инҷо охирин истгоҳ барои паноҳҷӯёне аст, ки ба мақсад нарасидаанд.

Сиё Мустафопур, паноҳҷӯи эронӣ мегӯяд, ҳамаи гурҳое, ки дар инҷо ҳаст, аз паноҳҷӯён ҳастанд. “Муҳоҷират карданд ва дар роҳ мурданд. Дидани ин гӯрҳо барои ман сахт аст. Мо мехоҳем биравем, аммо ин фикрро мекунем, ки шояд мо ҳам бимирем. Духтари хурдам бо ман аст ва ман метарсам, ки бо мо ҳам чизе рух надиҳад.“,--гуфт ӯ.

Беш аз якуним миллион паноҳҷӯ аз соли 2015 то ҳол аз роҳҳои Балкан гузаштаанд. Аксари онҳо орзу доштанд, ба Аврупо бирасанд, аммо ҳама ба мақсад нарасиданд. Мақомоти Сербистон марги 75 паноҳҷӯро дар солҳои ахир сабт кардаанд. Аммо бовар меравад, теъдоди ҷонбохтагон бештар аз ин аст, зеро ҷасадҳои баъзе аз онҳо нопадид шудаанд.

Эҳсонуллоҳи Аликӯзай паноҳҷӯи афғон аст, ки ҳангоми сафар аз тариқи Эрон дар роҳ дӯсташро аз даст додааст. Ӯ гуфт: “Роҳи хеле душвор буд, вақте ба қуллаи кӯҳ расидем, яке аз дӯстонам поин афтод. Вақте наздикаш рафтем, ҷон дода буд. Чанде аз дӯстонам, акс гирифта ба хонаводааш фиристоданд. Баргардонии ҷасад ба кишвар номумкин буд, барои ҳамин ҳамонҷо дафнаш кардем. Дар атрофи гӯраш санг гузоштем, барояш дуо кардем ва ба роҳамон идома додем. Воқеан хеле сахт гузашт.”

Хастагӣ, беморӣ, тасодуф дар роҳ ва ғарқшавӣ аз омилҳои асосии марги паноҳҷӯён аст. Бемории COVID-19 низ ҷони теъдодеро гирифтааст.

Анас, паноҳҷӯ аз Сурия мегӯяд, “ҳамсарам ва падару модари ҳамсарам дар роҳ ҷон доданд. Бемор буданд, шояд ба СOVID-19 мубтало шуданд. Ҳудуди якуним ё ду моҳ пештар. Ба ҳамин далел мо ниқоб мепӯшем, зеро метарсем.”

Як гурӯҳи имдодӣ бо номи “Ошпазхонаи беном” барои муҳоҷирони ҷонбохта маросими фотиҳа баргузор мекунад. Дар соли 2020 барои адои эҳтиром ва дуо дар ҳаққи Муҳаммад шаҳрванди Сурия ҷамъ омаданд.

Анке Вандерет, намояндаи “Ошпазхонаи беном” гуфт, ки ӯ дар наздики истгоҳи роҳи оҳан дар шаҳри Сид даргузашт. “Барои адои эҳтиром бо дӯстонаш аз урдӯгоҳи муҳоҷирони Принсиповач, ки аз инҷо чандон дур нест, ҷамъ шудем. Ҳамчунин ин маросими ёдбудро барои хонаводааш баргузор мекунем. Ба ҳамин далел навор мегирем, то ба хонаводааш бифристем ва ба онҳо бигӯем, ки бекас нест ва агар онҳо инҷо нестанд, мо Муҳаммадро бе маросими ёдбуд намегузорем.”,--гуфт ӯ.

Ба кишварҳои аврупоӣ аз ҳама бештар шаҳрвандони Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои африқоӣ талоши паноҳандагӣ мекунанд. Онҳое, ки ба Аврупо фирор мекунанд, мегӯянд, кишварҳояшон номан аст ва ба хотири наҷоти ҷони худу фарзандонашон фирор кардаанд. Аммо на ҳшамаи онҳо то хоки Аврупо мерасанд ва бархе дар обҳо ғарқ мешаванд ё аз беморӣ ҷон медиҳанд.

Мақомоти Сербистон мегӯянд, талош мекунанд, бо хонаводаҳои қурбониён дар тамос шаванд. Аммо ҷасадҳои паноҳҷӯёнро бисёр кам ба хонаводаҳояшон месупоранд. Як муллои маҳаллӣ маъмулан маросими ҷанозаи паноҳҷӯёнро баргузор мекунад.

Қосим Златич имоми Серб: “Ман 20 маросими ҷанозаро баргузор кардаам, аммо мумкин теъдоди қурбониён бештар аз ин бошад, зеро ман ба ҷануб ва шимоли Сербистон намеравам. Фикр мекунам, аксари онҳо аз Афғонистон буданд. Теъдоди дигар шаҳрванди Сурия, Либия ва Эрон."

Ҳазорон паноҳҷӯ дар урдӯгоҳҳо ва марказҳои дигар дар Сербистон зиндагӣ мекунанд, чун марзҳои Иттиҳоди Аврупо ба рӯи ҳамаи онҳо баста аст. Бо ин ҳам теъдоди зиёди паноҳҷӯён ҷони худро дар хатар гузошта, аз талош барои расидан ба зиндагии беҳтар даст намекашанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Белорус аз ҳаракати нави паноҳҷӯён ба сӯи Аврупо хабар додЯнша: Мавҷи паноҳҷӯёни афғон ба Аврупо роҳ намеёбадТуркияву Юнон гуфтанд, ки мавҷи паноҳҷӯёни афғонро қабул надорандТуркия гуфт, ки садҳо ҳазор паноҳҷӯ вориди Аврупо шудаастТуркия роҳи паноҳҷӯёнро ба Аврупо кушод. ВИДЕО