Ҳавои Бишкек олудатарин дар ҷаҳон номида шуд

Бишкек. Акс аз бойгонӣ.

Бино ба иттилои хадамоти интернетии AirQuality, 7 ноябр дар Бишкеки Қирғизистон назар ба шаҳрҳои дигари дунё олудатарин ҳаво ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ афзудааст, ки ҳавои пойтахти Қирғизистон аз шаҳрҳои Деҳлӣ, Карочӣ, Лоҳур ва Тел-Авив дида ифлостар буд.

Дастгоҳҳои ҳавосанҷ рӯзи 8 ноябр сатҳи олудагии ҳавои Бишкекро 261 нишон додаанд. Дар ҳоле ки тибқи меъёр, он бояд то 50 бошад. Нишондоди беш аз 300-и олудагии ҳаво сахт хатарнок мебошад.

Ҳамасола бо фарорасии фасли сармо дар Бишкек ҳаво якбора олуда мешавад. Ниҳодҳои давлатӣ онро ба партовҳо аз воситаҳои нақлиёт ва бахши хусусӣ рабт медиҳанд.