Маоши 580 корманди Идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлобро аз 30 то 50 дарсад кам кардаанд.
Тасмими коҳиши маоши кормандони ин Идора аз ҷониби Вазорати меҳнат, Вазорати молия пас аз он гирифта шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон фармони боло бурдани маоши кормандони идораҳои буҷавиро дода буд. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки аз рӯи оиннома бояд ҳаққи кормандонро ҳимоят кунад, ба коҳиши маош дар ин соҳа ризоият додааст.
Сабаби кам кардани маош маълум нест
Кормандони ин идора, ки обёрии заминҳои кишоварзӣ, тоза кардани каналҳои обрасон, таъмири дастгоҳҳои обрасонӣ ва мустаҳкам кардани соҳилҳои ҷӯйҳои обро бар душ доранд, аз кам шудани маошашон норизоӣ карданд. Онҳо то дастгоҳи иҷроияи президент мактуб навиштаанд, вале ҳеҷ тағйир нашуд.
Амирхон Маҳсиддинов, раиси корхонаи Беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб дар охирин нишасти матуботии худ гуфт, аз коҳиши маоши кормандонаш норизо аст. Ӯ гуфт, ки даҳҳо мактуб ба мақомоти дахлдор ирсол кардаанд, вале посухҳо қаноаткунанда нестанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе кормандони ҷавони ин Идора пас аз кам шудани маош тарки кор кардаанд. Эҳтимоли аз кор рафтани мутахассисони бештар низ дар назар аст.
“Коргаре, ки тамоми умр кор кардааст, 35 сол собиқаи корӣ дорад, чӣ гуна ман ҳамонро гӯям, ки ҷура маошат ҳамингуна кам шудааст. Дигар дар ҳаёташ кор намекунад.”,--гуфт раҳбари ин Идора.
Вақте фармони боло бурдани маошро доданд...
Моҳи августи соли 2020 Ҳукумати Тоҷикистон барои боло бурдан ва танзими маоши кормандони ниҳодҳои давлатӣ қарор тасвиб кард.
Мақомот ин қарорро, баръакс далел барои коҳиши маоши кормандони Идораи обёрӣ унвон кардаанд. Дар ин қарор банде барои коҳиши маош нест. Маълум нест, ки коҳиши маоши кормандон зери номи "танзими маош" амалӣ шудааст ё чизи дигар.
Вазорати меҳнат ва Вазорати молия низ дар нусхаи қарори худ сабаби коҳиши маоши кормандони ин бахшро зикр накардаанд.
Амирхон Маҳсиддинов, раиси корхонаи Беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар шароите, ки “баландшавии нарху наво мушоҳида мешавад, набояд ингуна бошад. Фарз кардем, ки маоши сардори Шӯъба 1200, 1300 сомонӣ аст, имрӯз бояд 800 сомонӣ маош гирад.”
Эътирози раиси вилояти Суғд
Маоши кормандони Идораи Беҳдошти замин ва обёрӣ, на танҳо дар Кӯлоб, балки дар саросари Тоҷикистон кам шудааст.
Ин дастур ҳатто эътирози раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба бор овардааст. Раиси вилояти Суғд дар як номаи худ ба сарвазир Қоҳир Расулзода гуфтааст, ки тибқи Кодекси меҳнат ба зарари кормандон тағйир додани музди меҳнат манъ аст. Ӯ гуфтааст, ки ин ҳолат боиси аз кор рафтани мутахасисон мегардад.
Ин вазъ дар идораи Беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб мушоҳида мешавад. Кормандони ин идора мегӯянд, ки аз ҳама кори душворро онҳо анҷом медиҳанд, вале дар иваз маоши ночиз мегиранд. Масъулон мегӯянд, ин вазъ боис шудааст, ки сафи кормандонашон камтар шавад.
Ба гуфтаи онҳо, ин аҳвол ба вазъи кишоварзӣ дар соли оянда таъсир хоҳад кард, чун обрасонӣ ба заминҳои кишти кишоварзон дуруст иҷро нахоҳад шуд. Ин аҳвол сабаби эҳтимолии коҳиши ҳосили зироати деҳқонон шуда метавонад.