Писараш мегӯяд, Иззат Амонро барои 232 сомонӣ зиндонӣ карданд. ВИДЕО

Муҳаммадюсуф Холов

Писари Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирони тоҷик, иддао дорад, падарашро танҳо барои он ки 232 сомонӣ пули як даъвогарро ба дасташ дода натавонистанд, зиндонӣ карданд. Муҳаммадюсуф Холов рӯзи 5-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ҳукм розӣ нестанд ва барои бозбинияш ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят карданд, вале ҳанӯз посухе нест.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми октябр Иззат Амонро ба 9 сол зиндон маҳкум карда, тафсилоти парванда ва ҳукмро нагуфт. Парвандаи ӯ бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" баррасӣ шудааст. Чизе, ки пайвандонаш намепазиранду ҷонибдоронаш дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле ки пештар гуфта будед, пули даъвогаронро пурра додед ва қонуни афв нисбат ба падари Шумо татбиқ мешавад, чаро ӯро афв накарданд? Рӯзи эълони ҳукм дар додгоҳ чӣ гуфтанд?

Вақте шиносномаашро дидем, санҷидем, падарам депортатсия нашудааст. Дар шиносномааш чунин чиз нест, вале воқеан шаҳрвандияш дар Русия бекор карда шудааст.

Муҳаммадюсуф Холов: Ба яке аз ҷабрдидаҳо бояд 232 сомонӣ (тақрибан 2 ҳазор рубли русӣ) ҳамчун ҷуброни зарар дода мешуд. Ӯ дар Тоҷикистон нест, дар Русия аст. Додрас ба мо гуфт, дар бонк ба номаш "депозит" гузоред ва чекашро оварда диҳед. Ҳар вақте аз Русия омад, аз додгоҳ мегирад. Мо ин корро кардем, вале дар ниҳоят, ҳангоми эълони ҳукм, бар асоси он ки 232 сомонӣ ба ҷабрдида дастрас нашудааст, падарамро зиндонӣ карданд. Яъне, ҳукм бар пояи ҳал нашудани шикояти танҳо як нафар содир шуд.

Радиои Озодӣ: Бо ин шахс, ки ҷабрдида мегӯед, боре ҳамсуҳбат нашудед, ки маблағро чӣ гуна ба ӯ дастрас кунед?

Муҳаммадюсуф Холов: Не, натавонистем. Шумораи телефонашро наёфтем. Аз хонаводааш касе ҳозир нашуд, ки маблағро бигирад. Чун додрас ҳамин пешниҳодро дод, бовар карда, анҷом додем.

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, чаро додрас чунин пешниҳод ё машваратеро дод? Воқеан, мехост, ки ёрӣ кунад ё чизи дигар?

Муҳаммадюсуф Холов: Ростӣ, то ҳол намедонам, чаро дар аввал чунин рафтор кард ва дар охир ҳамин масъаларо асос оварду ҳукм содир намуд.

Радиои Озодӣ: Иззат Амон дар мурофиаҳои додгоҳӣ ба иттиҳомҳое, ки нисбати ӯ эълон карда буданд, чӣ посух медод? Иқрор мешуд?

Муҳаммадюсуф Холов: Ҳангоми мурофиаҳои додгоҳӣ, рости гап, баъзе аз даъвогарон маблағ ҳам нагирифтанд ва аз даъвояшон даст кашиданд. Падарам низ ба ҳама иттиҳомот иқрор нашудааст.

Радиои Озодӣ: Агар, воқеан, худро бегуноҳ медонад, чаро ҷуброни зарарро пардохт кардед?

Муҳаммадюсуф Холов: Ҳар рӯзе, ки падарам дар боздошт аст, вазъи оилаи мо бад мешавад. Бибиям бемор аст. Тамоми талошҳо ин буд, ки ӯ ҳар чӣ зуд аз боздошт раҳо шавад. Ҳатто баъзе аз ҷабрдидаҳоро хона ба хона кофтем, ки маблағи даъвоиро бигиранду таҳқиқи парванда хотима ёбад. Бо вуҷуди он ки падарам на ҳамаи онҳоро мешинохт. Худи падарам ҳам гуфт, ҳар чӣ дорам, фурӯшед, ҷамъ кунед, пули даъвоиро бидиҳед.

Радиои Озодӣ: Падаратон чӣ дошт?

Муҳаммадюсуф Холов: Дар Русия як мошин дошт. Фурӯхтем. Дигар бо ёрии муҳоҷирону рафиқонаш зарарро баргардондем.

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Писари Иззат Амон гуфт, ки чаро ӯро афв накарданд

Радиои Озодӣ: Дар мавриди аз Русия ба Тоҷикистон овардан ё омадани Иззат Амон чӣ медонед? Гуфта мешуд, аввал аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда, сипас ба Тоҷикистон рондаанд...

Муҳаммадюсуф Холов: Ду-се рӯз тамос бо ӯ қатъ шуда буд, баъд фаҳмидем, ки шаҳрвандияш бекор ва депортатсия шудаасту дар Душанбе қарор дорад. Вале вақте шиносномаашро дидем, санҷидем, падарам депортатсия нашудааст. Дар шиносномааш чунин чизе нест, вале воқеан ҳам шаҳрвандияш дар Русия бекор карда шудааст.

Радиои Озодӣ: Суҳбатҳои рӯ ба рӯ доштед? Дар бораи чӣ мегуфт?

Муҳаммадюсуф Холов: Мегуфт, ягона мушкил пардохти зарарҳо аст, ки агар баргардонда шаванд, озод мешавам. Нисбати мову падарам ҳеч гуна фишор набуд. Худи ӯ низ мегуфт, ки фишоре нест.

Радиои Озодӣ: Бо гузашти беш аз ду ҳафта аз эълони ҳукм, барраси шикояти Иззат Амон дар Додгоҳи олӣ дар чӣ ҳол аст?

Муҳаммадюсуф Холов: То ҳол чизе маълум нест. Ҳарчанд адвокат чанд бор рафта пурсид, ки баррасии шикояти мо чӣ мешавад, аз додгоҳ посухи дақиқе надодаанд.

Радиои Озодӣ: Бовар доред, ки парванда бозбинӣ ва падаратон озод мешавад?

Муҳаммадюсуф Холов: Умед дорам, ки раҳо мешавад. Конститутсияи Тоҷикистон озодии ӯро кафолат додааст. Мехоҳам, ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент (фарзандони раиси ҷумҳурӣ) муроҷиат кунам, ки ба ин қазия дахолат кунанд ва қазия одилона баррасӣ шавад. Додрасеро, ки ба падарам 9 сол ҳукм дод, ба ҷавобгарӣ кашанд. Ҳамон тавр ки чанд рӯз пеш ба қазияи Мадина Муҳаммадҷонова дахолат шуд, мехоҳам, ба қазияи падарам низ ҳамин гуна дахолат сурат гирад.