Беш аз 40 нафар рӯзи 4-уми ноябр ба далели тӯфони чангу ғубор дар шоҳроҳи вилояти Туркистони Қазоқистон банд монданд.
"Ҳаракати мошинҳо дар роҳи мошингарди Берген ва Каражантак суст шуда, танбашавӣ ба миён омад. Маъмурони наҷот ба маҳалли ҳодиса рафта, 42 нафари дармонда, аз ҷумла чаҳор кӯдакро ба маҳалли зисташон расонданд", - омадааст дар хабарномаи Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон дар минтақа.
Дар наворе, ки маъмурони наҷот нашр карданд, гуфта мешавад, ба иллати тӯфони чангу ғубор дар роҳ чизе дида намешавад.
Бино ба иттилои ҳавошиносони Қазоқистон, тӯфони чангу ғубор дар вилояти Туркистони он кишвар то 5-6-уми ноябр идома мекунад.
Тӯфони чангу ғубор шоми 4-уми ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон рух додааст.