Санаи баргузории қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Истамбули Туркия маълум шуд

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон аз 4-ум то 19-уми декабри соли равон дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор мешавад. Дар ин бора Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) хабар дод.

"Ман бо хушнудӣ хабар медиҳам, ки мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар ин ҷо, дар Истамбул, доир мегардад. Туркия кишварест, ки дар бокс таърихи ғанӣ дорад", - гуфт президенти AIBA Умар Кремлёв.

Рақобатҳо миёни занон дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Истамбул дар маҷмааи варзишии “Басаксеҳир” аз рӯи 12 дараҷаи вазнӣ сурат мегирад: 48 кг; 50 кг; 52 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 63 кг; 66 кг; 70 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.

Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон соли 2001 дар шаҳри Скрэнтони Иёлоти Муттақидаи Амрико барпо гардида буд. Баъдан шаҳрҳои Анталия (Туркия), Подолск (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон, ду маротиба), Нинбо (Чин), Бриҷтоун (Барбадос), Синҳуандао (Чин), Ҷеҷу (Кореяи Ҷанубӣ), Остона (Қазоқистон) ва Улан-Удэ (Русия) мизбони мусобиқаи ҷаҳонӣ буданд.

Зимнан, ягона медали Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон Мавзуна Чориева соли 2012 дар шаҳри Синҳуандаои Чин ба даст овардааст.

Имсол ду варзишгари тоҷик – Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова - дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки моҳи май дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Ҳарду варзишгари тоҷик ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд, вале аз рақибонашон шикаст хӯрданд. Миҷгона дар вазни то 57 кило қувваозмоиро ба намояндаи Узбекистон Ситора Турдибекова бо ҳисоби 0:5 бохт. Шоира дар вазни то 60 кило аз варзишгари Индонезия Ҳасанан Ҳусватун бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Ба ғайр аз медали биринҷӣ, ҳарду варзишгари тоҷик бо ҷоизапулӣ ба маблағи 2500 доллари ИМА сарфароз гардиданд.