“Авбошӣ”. Ба зидди Ҷунайдулло Худоёров парвандаи нав кушодаанд

Ҷунайдулло Худоёров

Ба зидди Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, парвандаи нав кушодаанд. Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рашт ӯро ба "авбошӣ" (қисми сеи моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам карда, ба таҳқиқ оғоз намудааст, аммо Худоёров беасос медонад.

Дар ҳоле ки мақомот дар бораи парванда шарҳи бештар намедиҳанд, ба иттилои манобеи огоҳ, Худоёров дар муноқиша бо хонаводаи гумонбарон дар куштори бародарзодааш, Алиризои 21-сола, муттаҳам аст. Даъвогарон гуфтаанд, ӯ рӯзи 27-уми октябри имсол дар деҳаи Яшми ноҳияи Рашт бо истифода аз табар ба онҳо таҳдид кард. Худи Ҷунайдулло Худоёров иддаоро рад мекунад.

Самеъбой Фатҳуллоев, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рашт, рӯзи 3-юми ноябр ба Радиои Озодӣ боз шудани парвандаро нисбати Ҷунайдулло Худоёров тасдиқ кард. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир тафтиши ҳодиса ва рӯбарӯ кардани шоҳидон шуруъ шудааст. "Натиҷаи тафтиш нишон медиҳад, ки дар муноқишаи миёни намояндагони ду оила Ҷунайдулло Худоёров ҳузур дошт ё не," -- афзуд ӯ.

Ҷунайдулло Худоёров 3-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия даъват карда, аллакай бо се шоҳид рӯбарӯ кардаанд: "Ин шоҳидҳоро хуб мешиносам. Дар муҳокимаи соли 2018 шоҳидии бардурӯғ дода буданд. Наздикони оилае ҳастанд, ки фарзандашон дар куштори додарзодаам, Алиризо, айбдоранд ва нисбати ду нафари онҳо бо моддаи 104, қисми 2 (куштор) парванда боз шудааст."

Дар мавриди он ки даъвои истифода аз табар чӣ гуна пайдо шуд, ӯ гуфт: "27-уми октябр модарам аз хонаи хоҳарам бармегашт. Дар роҳ Алишери Насриддин, узви оилаи гумонбар дар қатли Алиризо, ба модарам зарба мезанад. Сутунмуҳраи модарам осеб дидааст. Ман дар ҳезумшиканӣ будам. Ба ман хабар доданд. Табарро ба дасти писарам дода, давида рафтам. Бе ягон зӯрӣ муноқишаро ором кардам."

Яке аз наздикони Алишери Насриддин, ки овардани номашро зарур нашуморид, ҳодисаро чунин нақл кард: "Ҳамон рӯз маросими дафни амакам, Мансур Ҳомидови 73-сола, буд. Дар назди масҷиди деҳа истода будем. Модари Ҷунайдулло аз роҳ мегузашт. Алишер бо шӯхӣ гуфт, ки аз марги амаки мо хурсанд шудед. Вай дар ҷавоб гуфт, агар ҳамоне ки набераамро корд зад, мефавтид, беҳтар буд. Ҷанҷол хест. Ҷунайдулло омаду таҳдид кард, аммо дар дасташ табар буд ё не, ба ёдам нест."

Алиризо Худоёрови 21-сола, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Рашт, моҳи июли имсол дар як занозанӣ бо зарби корд ба ҳалокат расид. То кунун ду нафар бо гумони даст доштан дар ҳодиса дастгир шудаанд, аммо наздикони Худоёров ҳодисаро "аз пеш тарҳрезишуда" ва "кори дасти камаш панҷ нафар" медонанд.

Дар оғоз таҳқиқи парвандаро Додситонии минтақаи Рашт бар уҳда дошт. Вале дар пайи муроҷиати пайвандони Алиризо Худоёров ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва Маҷлиси Миллӣ (раёсати ҳарду ниҳодро фарзандони раиси ҷумҳурӣ бар дӯш доранд), масъулияти таҳқиқ ба ихтиёри Додситонии кул гузаштааст.

Ҷунайдулло Худоёров мегӯяд, ӯ баъди раҳоӣ аз зиндон дар Русия буд ва танҳо барои барқарории адолат дигарбора ба деҳа баргаштааст.

Ӯро соли 2018 бо гуноҳи пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" ба панҷ сол зиндон маҳкум карда, соли 2019 бар асоси қонуни афв озод намуданд. Вай он замон гуфта буд, ки бегуноҳ маҳкум шудааст ва парвандаро фармоишӣ донист.

Ҷунайдулло Худоёров ва бародари дигараш, узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Фарҳод Худоёров, ки ҳамвора аз кори мақомот дар Рашт танқид мекунанд, бовар доранд, ҳодисаҳои солҳои охир фишор ба онҳо аст.