Масъулони Додситонии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон аз Додгоҳи вилояти Бодканд тақозо кардаанд, ки сабаби ҷазои, ба қавли онҳо, "сабук" ба се шаҳрванди тоҷиктабори ин кишварро шарҳ диҳад.
Додгоҳи Бодканд моҳи сентябри имсол Акмалҷон Исоев, Аюбҷон Урунов ва Амонҷон Бобоҷонов, сокинони тоҷиктабори Қирғизистонро бо гуноҳи ғоратгарӣ, убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир ва дар пайванд ба муноқишаи охири моҳи апрели имсол дар марз аз ҳаштуним то понздаҳ сол ҳабс кард.
Хешовандони онҳо мегӯянд, ҳукми додгоҳ бисёр сахт аст ва барои бозбинии он талош доранд. Додситонии ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҷазои Акмалҷон Исоев, Аюбҷон Урунов ва Амонҷон Бобоҷоновро "бисёр сабук" дониста, аз муфаттишон хостааст, парванда аз нав баррасӣ карда шавад.
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Номаи Додситонӣ
Дар номае, ки Додситонӣ рӯзи 6-уми октябри имсол ба Додгоҳи вилояти Бодканд фиристодааст, гуфта мешавад, чаро додгоҳ иттиҳоми "хиёнат ба ватан"-ро, ки дар парванда буд, ба инобат нагирифт. Пайвандони маҳкумшудаҳо мегӯянд, ин модда тасдиқи худро наёфт.
Дар нома омадааст, гуё дар рӯзҳои муноқишаи моҳи апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ин се нафар сарбозони Тоҷикистонро раҳнамоӣ кардаанд ва "бояд ба хиёнат ба ватан ҳам гунаҳкор дониста шаванд". Наздикони маҳкумшудаҳо ин иддаоро намепазиранд.
Низоми мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи апрел сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар ҷараёни муноқиша дар деҳаи Борбордуқи ноҳияи Лайлак, макони зисти маҳкумшудаҳо, низ чанд амволи хусусӣ оташ зада шуда, хонаҳо ғорат ва чорво рабуда шудааст.
Нигаронии наздикон
Гулнора Исоева, хоҳари Акмалҷон Исоев, рӯзи 1-уми ноябр гуфт, муроҷиати додситонӣ ба додгоҳи Бодканд онҳоро нигарон кардааст ва метарсанд, ки мумкин аст, парвандаро дигарбора баррасӣ кунанд ва ҷазои сахттар таъин кунанд. Ба қавли ӯ, ҳукми зиндоне, ки ин се нафар гирифтаанд, "ноодилона ва сахт буд ва мумкин аст дар сурати муҳокимаи такрорӣ ҷазо боз ҳам сахттар шавад."
Дар Қирғизистон барои хиёнат ба ватан гунаҳкорро то ба 15 сол зиндон маҳкум мекунанд.
Ба қавли Маҳинабону Мукаррамӣ, ҳамсари Акмалҷон Исоев, онҳо пас аз номаи додситонӣ вакили мудофеи дигар гирифтанд ва аз вакили пешин, ки давлат таъмин карда буд, даст кашиданд. Ба қавли ӯ, вакили нав гуфтааст, "дар амалкардҳои Акмалҷон Исоев ҳеч ҳаракати хиёнат ба ватан мушоҳида намешавад."
Дар ҳоли ҳозир, ба қавли пайвандонашон, Акмалҷон Исоев, Аюбҷон Урунов ва Амонҷон Бобоҷонов дар боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Уш нигаҳдорӣ мешаванд.
Аз ин пеш Додгоҳи ноҳияи Лайлак ду шаҳрванди Тоҷикистон -- Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бо гуноҳи ҷиноят алайҳи сулҳ ва ғоратгарӣ ба ҳабси абад ва пардохти ҷарима маҳкум кард. Парвандаи онҳоро низ ба воқеаи охири моҳи апрели имсол дар сарҳад пайванд доданд.
Дар муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрели имсол дар марз 19 шаҳрванди Тоҷикистон ва 36 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва даҳҳо нафари дигар аз ду тараф захмӣ шуданд.
Дар вилояти Суғди Тоҷикистон 22 хона ва чанд амволи хусусӣ сӯхтаву вайрон шудааст. Дар Бодканди Қирғизистон 140 хона, 5 мактаб, 3 боғчаи бачагон, 24 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 60 амволи хусусиву тиҷоратӣ ва ду дидбонгоҳи марзӣ пурра хароб шуданд. Додситонҳои кулли ду кишвар аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карданд.