Русия имсол ба Узбекистон зарбазанҳои "Су-30СМ", чархболҳои "Ми-35М", муҷтамаҳои мушакии "Бук-М2Е", зиреҳпӯшҳои "БТР-80" ва "БТР-82А" фурӯхтааст.
Дар ин бора раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои низомӣ-техникии Русия Дмитрий Шугаев 1-уми ноябр ба РБК иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Шугаев, Узбекистон ҳамчунин аз Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини "Орлан-10Э", зиреҳпӯшҳои сабукрави "Тайфун-К" ва силоҳ харидааст.
Раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои низомӣ-техникии Русия афзудааст, Қазоқистон низ таҷҳизоти ҳамсонро дастрас кард. Аммо ӯ дар бораи теъдод ва арзиши техникаҳои низомии фурӯхташуда ба Узбекистон ва Қазоқистон иттилое надодааст.
Расонаҳо моҳи майи соли 2019 хабар доданд, ки Узбекистон ҳамкориҳои низомӣ-техникии худро бо Русия тақвият мебахшад.