Вазорати тандурустӣ гуфт, сокинони Тоҷикистон дарозумр шудаанд

Ду марди пиросол дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, ки умри миёнаи сокинони кишвар ба 75 сол расида, дар муқоиса бо омори соли 2000-ум 6,6 сол афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон ин вазоратхона гуфтааст, ки барои таъмини иҷтимоии афроди пиронсол дар оянда аз ҳоло бояд чораҷӯӣ кард.

Шароит хуб шудааст?

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ҳамакнун сохторҳои давлатӣ машғули таҳияи барномаи таъмини иҷтимоии бузургсолон дар оянда ҳастанд. Қудратулло Қурбонзода, роҳбари Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон 29-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бист соли ахир умри миёнаи тоҷикистониён то ба 75 сол боло рафтааст. Ба гуфтаи вай, афзоиши синни миёнаи сокинони Тоҷикистон натиҷаи беҳбуди шароити зиндагии мардум аст. Аммо, ба эътиқоди ин масъули вазоратхона, аз ҳоло бояд мавзӯи таъмини иҷтимоии бузургсолон дар оянда мавриди баррасӣ қарор дошта бошад.

“Ин мавзӯъ аллакай дар барномаи давлатии рушди миёнамӯҳлати ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 пешбинӣ шудааст ва ба сохторҳои давлатӣ дастур шудааст, ки барномаи таъмини иҷтимоии сокинони Тоҷикистон барои то солҳои 2030 таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод шавад. Вазорати тандурустӣ ба унвони сохтори танзимкнунадаи ин соҳа бо ҷалби вазоратҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода, ба таҳияи чунин барнома шурӯъ кардааст. Бо дарназардошти таҳлили вазъияти феълӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ ин барнома соли оянда ба ҳукумат пешниҳод мешавад.",--гуфт ӯ.

500 ҳазор бузургсол дар Тоҷикистон

Тибқи пешбинии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аҳолии аз 60-сола болои кишвар то соли 2030 ёздаҳуним дарсади аҳолиро ташкил хоҳад кард. Феълан дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор бузургсол зиндагӣ мекунанд, ки 6 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ки ҳоло дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо бузургсолони зиёде рӯбарӯ мешавад ва ба ин далел ба омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон эътимод мекунад. “Ҳоло дар кӯчаҳо афроди ҳафтодсолаи хеле фаъолро мебинем. Дар замони хуруҷи бемории COVID 19, агар мушоҳида кардед, асосан афроди бузургсоли зери 70 ва 80-сола фавтиданд. Ман далели дурӯғгӯии Вазорати тандурустиро намебинам. Ба як нафари пиронсол дуои дарозумрӣ додам, посух дод, ки ин дуои нек буд ё бад?”,--гуфт ӯ.

"Ба дарозумрӣ бовар надорам"

Дар Тоҷикистон феълан беш аз 56 ҳазор афроди аз 80-сола бузургтар зиндагӣ мекунанд. Афроди аз 70-сола пиронсолтар 16 дарсади аҳолиро ташкил карда, умдатан ба хадамоти тиббиву равонӣ ва иҷтимоӣ ниёз доранд. Аммо, Шукрона Давлатова, пизишки ғадудшинос ва устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба омори Вазорати тандурустӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон чандон эътимод надорад. Ӯ мегӯяд, дар таҷрибаи кориаш аҳёнан бо бузургсолон вомехӯрад ва онҳоро қишри сахт осебпазири ҷомеа медонад. “Фикр мекунам, дар даҳ соли ахир сифати зиндагӣ дар Тоҷикистон поён рафта, умри миёна низ коҳиш ёфтааст. Дар пайи хадамоти пастсифати тиббӣ пиронсолон бештар гирифтори бемориҳо мешаванд.",--гуфт ӯ.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон умри миёнаи сокинони рустоӣ дар муқоиса бо шаҳрнишинон 5,2 дарсад бештар буда, умри миёнаи мардҳо баробари 74,6 ва занҳо 77,7 сол будааст. Вазорати тандурустиву ҳифзи аҳолии Тоҷикистон далели ин амрро ба беҳтар будани шароити зиндагӣ дар деҳот марбут медонад.

Ин дар ҳолест, ки ба ҳолати 29-уми октябри соли ҷорӣ аҳолии Тоҷикистон беш аз 9 миллиону 819 ҳазор шуда, 50,8 дарсади онро занҳо ташкил медиҳанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистон. Занон дарозумртар аз мардон? ВИДЕОТоҷикистон дар раддаи 129-уми Шохиси рушди инсонӣ-2015Bloomberg: Тоҷикҳо солимтарин мардуми минтақаандВИДЕО: 90 соли Душанбе аз нигоҳи 2 ҳамсоли пойтахтБарои як зиндагии осуда бояд дар чанд ҷой кор кард?Умри мардуми Тоҷикистон 5 сол дароз шудаастТоҷикистон. Занон бештар аз мардон?