Душанбе ба сохтмони пойгоҳе дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон (наздик ба сарҳади Афғонистон) бо пули Чин “чароғи сабз” нишон дод. Пойгоҳи навро дар пасманзари ба дасти “Толибон” гузаштани Афғонистон ва афзоиши таҳдидҳо аз кишвари ҳамсоя месозанд. Вале мақомот гуфтанд, аз он танҳо нерӯҳои Тоҷикистон истифода хоҳанд кард.
Тибқи як номаи сафорати Чин дар Душанбе ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки Радиои Озодӣ ҳам онро дид, Душанбе пешниҳод кардааст, дар иваз назорати пойгоҳеро, ки аллакай вуҷуд дорад, пурра ба ихтиёри Пекин мегузорад. Манзур пойгоҳест, ки расонаҳо ду сол пеш дар бораи буданаш дар ноҳияи Мурғоб хабар доданд, аммо Тоҷикистону Чин ҳеч гоҳ расман эътироф накардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Вашингтон Пост" мегӯяд, Чин дар Мурғоб як посгоҳ дорадҲамзамон бо ин, мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, бар ивази ёрии низомии Чин аз гирифтани ҳамагуна иҷорапулӣ дар оянда даст хоҳанд кашид.
Ҳузури низомии Чин ва "эҳсоси ноамнӣ"
Ин ду таҳаввулот аз тақвияти ҳузури низомии Чин дар ин кишвари Осиёи Марказӣ дарак медиҳад. Пекин ва ҳамсоякишварҳояш баъд аз тасарруфи Кобул аз сӯйи “Толибон” эҳсоси ноамнӣ мекунанд.
“Тасмими бунёди чунин иншоот яке аз намунаи корҳои маъруфи Чин дар ҷаҳон аст. Ҳамин кор ва фаъолшавие, ки ҳоло дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад, аз сатҳи нигаронии Чин аз Афғонистон ва кишварҳои минтақа дарак медиҳад”, – мегӯяд Рафаэлло Пантучи, таҳлилгари масоили амниятӣ дар Донишгоҳи Шоҳигарии Лондон.
Чин аллакай дар минтақаи Мурғоби Тоҷикистон, наздик ба марзи Афғонистон ва на чандон дур аз Долони Вахон, пойгоҳи низомӣ дорад. Тахмин меравад, маҷмӯи бинову посгоҳҳо дар ин минтақа 5 соли охир фаъолият доранд ва сарбозони чинӣ ин макони стратегиро тавассути бинову манораҳои баланд назорат мекунанд.
Ҳарчанд ҳукуматҳои Чин ва Тоҷикистон ҳузури пойгоҳ ва кормандони чиниро расман рад мекунанд, як таҳқиқоти Радиои Озодӣ изи пойи низомиёни Пекинро мушоҳида ва маълум кард, ки кормандони чинӣ дар онҷо ҳузур ва нақши бештар доранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пойгоҳи махфӣ, ҷанг бо терроризм ва дӯстӣ бо "Толибон". Чин бо Тоҷикистон ва минтақа чӣ карданист?Дар бораи пойгоҳи махфии низомии Чин дар Тоҷикистон, аз ҷумла моликону маблағгузории он маълумоти зиёд нест. Дар санадҳое, ки ба дасти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, ҳоло дар пойгоҳ кормандони чинӣ фаъолият доранд, вале худи иншоот феълан дар ихтиёри Душанбе аст.
Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Вэй Фэнҳэ чӣ гузашт?
Бар асоси ин санадҳо, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар моҳи июл ҳангоми мулоқот бо вазири дифои Чин, Вэй Фэнҳэ, пешниҳоди ба ихтиёри Чин гузоштани назорати пурраи пойгоҳро дар миён гузоштааст.
“Ин як далели он аст, ки Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷуҳи Чин қарор мегирад. Дар оянда эҳтимол барои Пекин дур шудан аз мушкилоти амниятӣ дар минтақа душвор хоҳад буд”, – меафзояд Пантучи.
Дар санадҳо гуфта нашудааст, ки Пекин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро қабул кард ё на. Аммо дар он пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон чунин хулоса мешавад, ки Чин маблағгузориро барои нуқтаҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бештар мекунад ва дар иваз Душанбе ҳаққи назорати пурраро ба иншооти мавҷуда ба ҷониби Чин медиҳаду пули иҷора талаб нахоҳад кард.
Дар оянда мо шоҳиди вусъат ёфтани ҳамкориҳои низомӣ ва иктишофии Чин дар минтақа хоҳем шуд.Темур Умаров
Сафорати Чин дар Тоҷикистон ба дархости Радиои Озодӣ дар бораи пешниҳоди гуё Эмомалӣ Раҳмон оид ба пойгоҳ посух надод.
Темур Умаров, таҳлилгари умури Чин ва Осиёи Марказӣ, дар Маркази Карнеги дар Маскав, мегӯяд, “барои Чин масъалаи амнияти марзаш хеле муҳим аст ва яке аз ҳадафҳои аслияш дар Осиёи Марказӣ низ ҳамин аст. Тақвияти ҳузури амниятии Чин дар Тоҷикистон ҳам яке аз роҳҳои муассиртарин аст, ки Пекин ҳоло аз он истифода мекунад.”
Вакилони тоҷик ҷонибдорӣ карданд
Вакилони тоҷик рӯзи 27-уми октябр ба ҷонибдорӣ аз тарҳи бунёди пойгоҳи нав бо пули Чин, ки дар доираи созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин сурат мегирад, овоз доданд.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар порлумон гуфт, бинои навро дар водии Вахони ноҳияи Ишкошими Бадахшон месозанд ва он барои дастаи зудамали Вазорати корҳои дохилӣ, ки зертобеи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил аст, пешбинӣ шудааст.
Вакилони тоҷик ҳамчунин гуфтанд, дар ин пойгоҳ хонаводаҳои низомиёни тоҷик метавонанд, зиндагӣ кунанд.
Толибхон Азимзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, ба Радиои Озодӣ гуфт, пойгоҳ бо дархости Тоҷикистон ва аз сӯйи ҳукумати Чин бо маблағи 10 миллион доллар сохта мешавад, аммо афзуд, дар иншооти нав ҳузури низомиёни чинӣ пешбинӣ нашудааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рисолати асосии пойгоҳи нав маълум нест, ҳарчанд ба таъкиди вакилон он барои мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта истифода мешавад ва дар ин иншоот “таҷҳизоти махсуси дорои системаи иттилоотии Интерпол” насб мешавад, ки аз Чин оварда мешавад.
Пекин, “Толибон” ва уйғурҳо
Пекин пас аз тасарруфи Афғонистон аз сӯйи “Толибон” вазъи амниятиро дар минтақа бодиққат мушоҳида дорад. Ин вазъият Чинро, ки мехоҳад дар минтақа ҳузури худро тақвият бахшад, дар ҳолати душвор гузоштааст.
Чин ҳамоно муносибати прагматикиро бо “Толибон” нигоҳ медорад, вале танҳо вақт нишон хоҳад дод, ки то куҷо “Толибон” омодааст, дар мубориза бо терроризм бо Пекин ҳамкорӣ кунад.
Чин солҳост, аз эҳтимоли он ки ҷангҷӯёни уйғур метавонанд, Афғонистонро барои ҳамла ба Чин ва ё ба минтақаи ғарби Шинҷон истифода кунанд, нигарон аст. Ҳарчанд аксар таҳлилгарон ба ин таҳдидҳо бовар надоранд. Ба андешаи онҳо, ҷангҷӯёни уйғур барои анҷоми ҳамла имконият ва нерӯи кофӣ надоранд, аммо ин мавзуъ ҳамоно як масъалаи муҳиму нигаронкунанда барои сиёсатмадорони Чин боқӣ мемонад.
"Ин гуна таҳаввулот ҳам интизоршаванда буд. Аммо ноамнӣ дар Афғонистон вазъро суръат бахшид. Дар оянда мо шоҳиди вусъат ёфтани ҳамкориҳои низомӣ ва иктишофии Чин дар минтақа хоҳем шуд", - мегӯяд, Темур Умаров, коршиноси умури Чин ва Осиёи Марказӣ.