Бонки эронии таҳти таҳрими ИМА-ро дар Тоҷикистон бастанд

Парчами Тоҷикистон ва Эрон.

Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи фаъолияти “Кафолатбонк”, як муасссисаи молии эронӣ дар кишварро бозхонд.

Дар як соли ахир ин дувумин бонки хориҷӣ аст, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон қатъ мешавад. Коршиносон мегӯянд, ки дар асл фаъолияти онҳо муассир набуд ва бахши воқеии иқтисоди кишварро сармоягузорӣ намекарданд.

“Кафолатбонк” дувумин бонки хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар ним соли ахир муҷаввизи фаъолияташ дар кишвар бозхонда шуд. Тобистони соли ҷорӣ раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”-ро бозхонд.

Ба иттилои сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон “қарори мазкур дар асоси қарори Шӯрои нозирони Бонки миллии Покистон аз 21 феврали соли 2020 тибқи стратегияи тиҷоратӣ барои амалиёти байналмилалӣ қабул шудааст, ки дар стратегияи номбурда хотима додани фаъолияти Бонки миллии Покистон дар бозорҳои молиявии Туркманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон қарор дода шудааст”.

"Чанд бор ҳушдор дода будем"

Дар мавриди бозхонди муҷаввизи фаъолияти “Кафолатбонк” Мавҷуда Ҳасанова, сухангӯи БМТ 28-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин пеш ниҳоди танзимкунандаи фаъолияти бонкӣ дар Тоҷикистон ба ин муассисаи қарзии хориҷӣ ҳушдорҳо дода буд.

“Чанд дафъа Бонки миллии Тоҷикистон “Кафолатбонк”-ро барои мутобиқ набудан ба талаботи меъёриву ҳуқуқӣ ва иҷро накардани меъёрҳои мақбули БМТ ҳушдор дода буд ва акнун тасмим шуд, ки муҷаввизи фаъолияти он бозхонда шавад”,--гуфт Мавҷуда Ҳасанова.

Дар сомонаи расмии БМТ гуфта шудааст, ки “то таъйини барҳамдиҳанда ҳам гуна фаъолиятҳои бонкӣ тавассути “Кафолатбонк” манъ карда мешавад. Зимнан, дар соли ҷорӣ БМТ як маротиба “Кафолатбонк”-ро барои иҷрои накардани муқаррарот, ҳатто ҷарима баста буд.

Мавҷуда Ҳасанова, сухангӯи БМТ дар робита ба бозхонди муҷаввизи намояндагии Бонки миллии Покистон дар Тоҷикистон гуфт, ки чунин тасмим бо дархости худи намояндагӣ гирифта шуд, ки нахостанд дигар дар Тоҷикистон фаъолияти бонкӣ дошта бошанд.

Чаро “Кафолатбонк”-ро бастанд?

Бархе аз соҳибназарон бозхонди муҷаввизи фаъолияти бонки эронии “Кафолатбонк”-ро идомаи сиёсати зиддиэронии мақомоти тоҷик арзёбӣ мекунанд. Аммо, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик ба чунин назар мухолиф аст. Вай мегӯяд, дар асл “Кафолатбонк” фаъолияти густурдаи бонкӣ надошт ва танҳо ба қабули арзиши визаи Эрон барои шаҳрвандони тоҷик ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандони Эрон машғул буд.

“Ман бо ҳисоботи омории “Кафолатбонк” дар чанд соли ахир ошно шудаам. Танҳо барои қабули нархи виза нигоҳ доштани намояндагии як бонк дар кишвари хориҷӣ ҳеҷ зарурате надорад. “Кафолатбонк” фаъолияти ҳеҷ як соҳибкори тоҷикро сармоягузорӣ намекард ва дар иҷрои тарҳҳои бузурги дигар низ нақше надошт. “Кафолатбонк” ба унвони як намояндагӣ биное дар маркази Душанбе ишғол мекарду халос”,--гуфт ӯ.

Бонки таҳти таҳрими Амрико

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари масъулони намояндагии “Кафолатбонк” дар Тоҷикистон бенатиҷа анҷомид. Шумораи телефони мобилии раҳбари он фаъол набуд ва кормандони дафтари он танҳо посух медоданд, ки “роҳбарият феълан ҳузур надоранд”.

Зимнан, соли 2014 Вазорати молияи Амрико "Кафолатбонк"-и Тоҷикистонро ба далели нақзи таҳримҳо алайҳи Эрон ва ҳамкорӣ бо ин кишвар таҳрим кард. Вазорати молияи Амрико гуфта буд, “Кафолатбонк” шӯъбае аз бонки "Сармоя" аст, ки дар соли 2012 аз сӯи Амрико мавриди таҳрим қарор гирифтааст.

Тобистони соли 2018 Бонки Миллии Тоҷикистон намояндагии бонки “Тиҷорат”-и Эрон дар Тоҷикистонро ба далели камбудиҳо дар пардохти андозҳо ҷарима баста, барои ислоҳи вазъ мӯҳлат дода буд.

Дар ҳамин ҳол, феълан дар Тоҷикистон 13 бонки маъмулӣ, як бонки исломии “Тавҳидбонк” ва 63 муассисаҳои қарзии хурд фаъолият мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистон ба бонки "Тиҷорат"-и Эрон "муҳлат додааст"Амрико "Кафолатбонк"- Тоҷикистонро таҳрим кард