Таъину аломатгузории марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз мавзуҳои баҳсӣ дар миёни мақомот ва сокинони ду кишвар аст. Ҳафтаи гузашта, назари Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар бораи таъину нишонагузории марз бо Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсеро барпо кард. Аз ҷумла, назари Ҷабборов дар ин бора, ки ба ҷониби Тоҷикистон гуё гуфтааст, биёед Мурғобро ба мо баргардонед, хашми корбаронро ба бор овард.