Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон номзадии раиси порлумон Талант Мамитовро ба мақоми вакилӣ дар интихоботи порлумонии ин кишвар ба қайд нагирифт.
Тибқи қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президент ва вакилони порлумони Қирғизистон", хидматчиёни давлатии ин кишвар вазифадор ҳастанд, ки дар сурати пешбарии номзадии худ дар интихоботҳо аз мақомҳояшон истеъфо диҳад.
Ба огаҳии комиссия, номзадии Мамитов, ки дар ҳоли ҳозир раиси порлумони Қирғизистон аст, ба хотири иҷро нашудани талаботи мазкури қонун дар интихоботи нави порлумонӣ сабтином карда нашудааст.
Талант Мамитов ибтидои моҳи ноябри соли 2020, баъди ҳаводиси моҳи октябри соли гузашта ва истеъфои президенти пешин Сооронбой Ҷеенбеков раиси порлумони Қирғизистон таъйин шуд. Аз 14 ноябри 2020 то 28 январи соли 2021 иҷрокунандаи муваққати вазифаҳои президенти ин кишвар буд.
Интихоботи нави порлумонии Қирғизистон 28 ноябри соли равон баргузор мешавад. Порлумони нави ин кишвар аз 90 вакил иборат хоҳад буд.