Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дигарбора гарон шуда, нигаронии сокинонро ба бор овардааст. Намояндагони баъзе аз ширкатҳо гуфтанд, ин нуқтаи охирин нест, чун афзоиши нархи маводи нафтӣ дар гӯшаҳои ҷаҳон идома дорад. Тоҷикистон сӯзишвориро асосан аз Русия ва Қазоқистон меорад.
Чанд ронанда 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нархи гази моеъ се рӯз пеш 7 сомониву 30 дирам буд, ҳоло ба 7 сомониву 80 дирам расидааст. Нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳам, ба гуфтаи ронандагон, "дар се рӯзи охир гаронтар шуд".
Намояндагони баъзе аз ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон гуфтаанд, маҷбуранд, нархи сӯзишвориро боло бибаранд. Аз ҷумла, "Газпромнефт-Тоҷикистон" гуфтааст, эҳтимол то охири моҳи октябр ва аввали ноябри имсол "марҳила ба марҳила нархи сӯзишворӣ боз ҳам гаронтар шавад".
Ин ширкат пешбинӣ кардааст, ки нархи як литр
- бензини навъи 95 то 11 сомониву 10 дирам;
- бензини навъи 92 то 10 сомониву 90 дирам;
- сӯзишвории дизелӣ то 10 сомониву 50 дирам
афзоиш меёбад.
Хабаргузории давлатии "Ховар" аз қавли масъулони "Газпромнефт-Тоҷикистон" сабаби болоравии нархро ба афзоиши қимати маҳсулоти нафтӣ дар кишварҳои содироткунанда, аз ҷумла Русия, пайванд дод.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон низ болоравии нархи сӯзишвориро ба гаронии маҳсулот дар хориҷа рабт додаанд. Дар айни замон масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфтаанд, "дар ҳолати худсарона баланд гардидани арзиши сӯзишворӣ чора меандешад."
Болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳамеша мояи нигаронии сокинон будааст. Дар пайи гарон шудани нархи маводи сӯхт арзиши роҳкиро ва хӯрокворӣ низ қимат мешавад. Шаҳрдории Душанбе ҳафтаи гузашта хабар дод, ки бо сабаби гарон шудани сӯзишворӣ, роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт низ боло меравад. Бархе ронандаҳо гуфтанд, роҳкиро миёни минтақаҳо низ қимат шудааст.
Нурулло Қараев, ронандаи мусофиркаш ба самти ноҳияи Рашт, рӯзи 18-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, агар ҳафтае қабл арзиши роҳкиро барои мусофирон 50-60 сомонӣ буд, ҳоло то 100 сомонӣ расидааст. "Ба ин хел нархҳо аз таксиронӣ ҳеч фоида ба даст намеорем. Пули роҳкиро фақат барои харидани сӯзишворӣ сарф мешавад", -- шикоят кард ронанда.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз автобус то таксӣ. Роҳкиро дар Душанбе қимат шуд. ИНФОГРАФИКА. ВИДЕОТоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка, мегирад. Аз чанд сол ба ин тараф мақомот мегӯянд, корхонаи коркарди нафт дар Данғара фаъол мешавад, вале ифтитоҳи он ба сабабҳои гуногун ба дарозо мекашад.
Фозилҷон Фатуллоев, шореҳи масоили иқтисодии хабаргузории “Asia-Plus”, мегӯяд, агар чунин корхона дар Тоҷикистон фаъол шавад, метавонад, нарх то сӣ дарсад поин биояд.
"Ҷаҳиши нарх дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон низ ҳаст. Мутаассифона, фарқи мо аз давлатҳои дигар, бахусус, Қирғизистону Узбекистон ва Қазоқистон дар он аст, ки мо сӯзишвориро на аз ширкатҳои коркарди нафт, балки аз ширкатҳои миёнарав мегирем. Ин корхонаву ширкатҳо барои кори худ "фоиз" мегузоранд. Аз ин рӯ, нарх барои як тонна маҳсулоти нафтӣ барои мо назар ба ҳамсоякишварҳо аз 27 то 32 доллар гаронтар меуфтад", -- шарҳ дод Фатуллоев.
Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол ба кишвар наздик ба 500 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст. Соли гузашта ба кишвар 234 ҳазор тонна бензин ва 298 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ оварда буданд.