Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи "хӯроки асосӣ" дар Тоҷикистон боло рафтааст. ВИДЕО


Фурӯши орд дар бозорҳои Тоҷикистон
Фурӯши орд дар бозорҳои Тоҷикистон

Дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, орд ҳам қимат шудааст. Сокинон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе арзиши як халта орд аз 230 то 255 сомонӣ ва дар минтақаҳо то 290 сомонӣ аст. Тоҷирон мегӯянд, боди гаронӣ аз Қазоқистон мевазад.

"Кӯдакон зиёд, оила калон, бе нон намешавад"

Холмо Мирзоева, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 28-уми сентябр барои харидани орд ба бозори "Деҳқон"-и шаҳри Душанбе омад. Мегӯяд, агар чанд ҳафта пеш як халта орди 50-килоиро ба 230 сомонӣ (20 доллар) мехарид, "имрӯз нархи он то 255 сомонӣ (22,5 доллар) расидааст".

Хонум Мирзоева ва чанд ҳамсуҳбати дигари мо дар бозорҳои Душанбе гуфтанд, сарфи назар аз боло рафтани нарх, маҷбуранд, орд бихаранд. "Бе орд намешавад. Кӯдакон зиёд, оилаамон калон, нон бисёр сарф мешавад," -- мегӯяд Холмо Мирзоева.

Дар бозори "Деҳқон"-и Душанбе
Дар бозори "Деҳқон"-и Душанбе

Ин дар ҳолест, ки тоҷирон мегӯянд, "нарх тағйир наёфтааст". Фурӯшандаҳои чанд бозори Душанбе, ки дар ҳузури масъулони бозор бо мо суҳбат мекарданд, афзоиши нархи ордро инкор намуданд. Танҳо як нафари онҳо дар суҳбати бидуни микрофон гарон шудани ордро тасдиқ кард. Ин фурӯшанда, ки нахост номашро зикр кунем гуфт, "гандум дар Қазоқистон гарон шудааст ва ба ин хотир орд ҳам дар Тоҷикистон қимат шуд".

"Мо гандумро асосан аз Қазоқистон меорем. Вақтҳои охир нархи гандум дар он кишвар гарон шуд ва мо маҷбурем, нархи ордро бардорем, то корамон зараровар нашавад. Ба болои ин, нархи сӯзишвориро бинед. Ҳоло барои овардани як халта орд аз Хуҷанд то Душанбе қариб 10 сомонӣ сарф мешавад. Албатта, ҳамаи ин ба нарх таъсир мерасонад," -- гуфт тоҷир.

Нархи гандум 24 дарсад афзудааст?

Масъулони бозори "Деҳқон"-и шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ордро ба фурӯш баровардаанд. Зоҳиран талоши мақомот барои танзими нарх танҳо овардани чанд мошин орд аст.

Сокинон мегӯянд, нархи орд фақат дар шаҳри Душанбе боло нарафтааст. Як корбари Радиои Озодӣ навиштааст, нархи орд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 285 сомонӣ аст. Ба навиштаи корбари дигар, дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, як халта орд 290 сомонӣ аст.

Наворро дар инҷо бинед:

Нархи “хӯроки асосӣ”-и мардуми Тоҷикистон боло рафтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Дар нуқтаи яклухтфурӯшии орд дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, эҳтимол орд боз ҳам гарон шавад. Чун акнун корхонаҳои орд, аз Қазоқистон гандумро бо нархи гаронтар харидаанд. Дар аввали моҳи сентябр баъзе аз расонаҳо гузориш доданд, ки нархи гандум назар ба як сол пеш 24 дарсад афзудааст.

Тоҷикистон беш аз 60 дарсади ниёзи дохилиашро барои орд аз ҳисоби воридоти гандуми Қазоқистон таъмин мекунад.

"Хӯроки асосӣ"

Орд маҳсулоти асосӣ барои ҳар оилаи тоҷикистонӣ аст ва болоравии нархи орд ба буҷаи ҳар як оила таъсир мерасонад. Дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ ва ба гуфтаи соҳибкорон болоравии нархи гандум дар Қазоқистон ҳанӯз маълум нест, ки орд боз чӣ қадар боло меравад.

Сокинон мегӯянд, аз ҳар сомонӣ қимат шудани нархи орд норозианд, аммо ба ҷуз аз таҳаммули он чораи дигар надоранд. "Маҷбур ҳастем, ки бихарем, агар боло ҳам равад. Лекин мехоҳем, ки нархи орд боло наравад, барои он ки ба халқи камбағал ҷабр мешавад," – гуфт Шариф Қодиров, сокини пойтахт.

Бино ба омори пойгоҳҳои иттилоотӣ, Тоҷикистон моҳе ба 600 ҳазор тонна гандум ва 200 ҳазор тонна орд ниёз дорад. Вале сарфи назар аз талошҳои ҳукумат барои зиёд кардани кишти гандум, бахши калони ин маҳсулот аз хориҷа ва асосан аз Қазоқистон оварда мешавад.

XS
SM
MD
LG