"Толибон" мусиқиро "ҳаром", вале таронаҳои ситоиширо "ҳалол" шумурд

Ин ду нафар бе мусиқӣ тарона мехонанд

Манъи мусиқӣ ва овозхонӣ дар Афғонистон баъзе аз ҳунармандони он кишварро овора ва дигаронро ба иҷрои "таронаҳои бидуни мусиқӣ", ки асосан аз ситоиши "Толибон" иборат аст, маҷбур кардааст.

Ғуломӣ мегӯяд, монанди моҳии дурафтода аз об аст

Навозандаи 25-солаи афғон, Аҳмад Ғуломӣ, бахши зиёди умри худро барои азхуд кардани ҳунари танбур бахшидааст. Мегӯяд, даҳ сол лозим шуд, то ҳамчун навозандаи касбӣ эътироф шавад, аммо "Толибон" мусиқиро манъ кард ва ӯ ҳам кору даромадашро аз даст дод.

Ғуломӣ ва навозандагони дигари шинохта дар пайи як фармони сардори полиси "Толибон" дар маркази вилояти Бомиён маҷбур шудаанд, фаъолияти эҷодии худро бас кунанд. Намояндаи "Толибон" дар ин минтақа гуфтааст, сурудхонӣ ё навохтани асбобҳои мусиқӣ дар қаламрави зери итоати ӯ мамнуъст, чун бо шариати ислом муғойират дорад.

"Аз замони бозгашти "Толибон" ба Бомиён, натавонистам, ба мусиқӣ идома бидиҳам. Дар ҳайрат ҳастам. Худро ба монанди моҳии монда дар хушкӣ ҳис мекунам. Агар он чизеро, ки "Толибон" мегӯянд, иҷро кунам, ҳаёт маънояшро гум мекунад", -- гуфт Ғуломӣ ба хабарнигори Радиои Афғонистони Озод.

Пас аз он ки "Толибон" моҳи август маркази вилояти Бомиёнро ишғол карданд, Ғуломӣ ба деҳаи худ дар ноҳияи Яхуланг баргашт ва дар он ҷо деҳқонӣ мекунад.

"Асбобҳои мусиқиро оташ заданд"

"Толибон" дар давраи аввали ҳукмронии худ, аз соли 1996 то 2001, ки бо саркӯбгариҳояш шинохта шудааст, низ мусиқиро манъ карда буд. Намояндагони гуруҳ ин дафъа талош карданд, ки худро ба афғонҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ муътадил нишон бидиҳанд, вале зоҳиран бо мусиқӣ оштӣ кардан нахостанд.

Сухангӯи "Толибон" Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар суҳбати худ мусиқиро "ғайриисломӣ" номид. Дар асл, дастури возеҳе вуҷуд надорад.

Як ҷангҷӯи "Толибон"

Бар асоси ин мавқеъ, дар баъзе аз минтақаҳо ҷангҷӯёни "Толибон" навозандагонро латукӯб карда, асбоби мусиқиро сӯзонданд ва овозхониро манъ карданд. Ин вазъ садҳо навозандаву овозхонро маҷбур сохт, ки аз тарси ҷони худ кишварро тарк кунанд.

Пеш аз бозгашти "Толибон" ба қудрат, Ғуломӣ узви як ҷунбише буд, ки мусиқии анъанавии Афғонистонро дар байни мардум таблиғ мекард. Дар Бомиён консертҳое ба мисли "Фестивали Танбур" низ баргузор шуданд. Ғуломӣ ва навозандагони дигар бо иштирок дар консерту тӯю маъракаҳо пул кор мекарданд.

Таълими ҳунармандон мувофиқи шариат?

Вақте ки ҷангҷӯёни "Толибон" моҳи август назорати Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳорро ба даст оварданд, яке аз аввалин иқдоми онҳо шикастани студияи мусиқӣ буд, ки навозандагони саршиноси афғон аз он истифода мекарданд.

Ҷангҷӯён асбобҳои мусиқиро ба кӯча бароварда, бо бензин оташ заданд. Номан Хон ва навозандагони дигаре, ки аз студия истифода мекарданд, аз тарси ҷони худ шитобзада кишварро тарк карданд. Ҳоло онҳо дар қатори ҳазорҳои паноҳҷӯи афғон дар Покистон дар ҳолати номуайянӣ қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти маҳаллии "Толибон" дар Афғонистон тасмимҳоеро дар бораи манъи мусиқӣ дар Кобул ва шаҳрҳои дигари бузург ба мисли Қандаҳор, Ҳирот ва Мазори Шариф идома медиҳанд. Сиддиқуллоҳ, сардори полиси «Толибон» дар Бомиён, гуфт, «мо ҳунармандонро мувофиқи усулҳои шариат ва аморати исломӣ таълим медиҳем.»

Духтаре навохтани ситорро меомӯзад, Афғонистон, соли 2013

«Барҳам додани мусиқӣ нобуд сохтани як қисми муҳими ҷомеаи фарҳангии Афғонистон аст. Мусиқӣ дар Қандаҳор манъ карда шуд ва расонаҳои таҳти назорати «Толибон» пахши мусиқиро, ки рӯҳи инсонро ғизо медиҳад, низ қатъ карданд», -- мегӯяд навозандаи афғон Ҷовид Тошӣ, ки аз режими «Толибон» гурехтааст.

"Таронаҳои бидуни мусиқӣ"

Пеш аз ҳамлаи «Толибон» ба Ҳирот дар аввали моҳи август, тақрибан 50 гурӯҳ дар тӯю консертҳо дар ин шаҳр мунтазам баромад мекарданд. Ҳоло аксари ин гурӯҳҳо вуҷуд надоранд.

Сухангӯи як толори арӯсӣ дар Ҳирот, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳҳо пас аз он ки «Толибон» ба навозандагон ҳушдор дод, дар тӯйҳо ҳунарнамоӣ накунанд, нопадид шудаанд. Бо вуҷуди ин, баъзе аз ҳунармандони афғон корро ба шакли "таронасароии бидуни мусиқӣ" идома медиҳанд.

Ин гурӯҳҳои навтаъсис аз «Толибон» ризоият гирифтаанд ва ҳоло бо хондани ояҳои Қуръон дар тӯйҳо, инчунин, баромадҳо ва намоишҳои театрие, ки аз режими «Толибон» ситоиш мешавад, кори худро пеш мебаранд.

Яке аз онҳо «Гурӯҳи сулҳи исломӣ» ном дорад, ки дар Ҳирот аз ҷониби Раҳим Фараҳманд таъсис ёфтааст. «Аз таъсиси Гурӯҳи исломии сулҳ як моҳ гузашт. Дар ин гурӯҳ шаш нафар ҳастем ва дар тӯйҳо барномаҳои гуногуни тасдиқшуда аз ҷониби «Толибон», аз ҷумла қироати Қуръони каримро иҷро мекунем», -- мегӯяд Фараҳманд.

Султон Аҳмад Муҳаммадии 35-сола, узви гурӯҳи тасдиқшуда аз тарафи «Толибон» гуфт, "мардум ба ҷуз аз даъвати гурӯҳҳои исломӣ ба тӯйҳои худ чораи дигар надоранд."

Рақсу сурудхонӣ дар кӯчаҳои Кобул, соли 2009

«Аз рӯзе, ки «Толибон» ба қудрат баргаштанд, мусиқӣ комилан манъ карда шудааст. Онҳо ҳатто ба ягон гурӯҳ иҷоза намедиҳанд, ки дар толорҳои арӯсӣ асбоби мусиқӣ навозанд. Гурӯҳҳои исломӣ афзоиш меёбанд, зеро мардум маҷбуранд, ба ҷашнҳои худ онҳоро даъват кунанд», -- шарҳ дод Муҳаммадӣ.

Дар вилояти Ҷузҷон, дар шимоли Афғонистон, овозхони маъруфи маҳаллӣ Тоҷиддин Андҳой дар тӯйҳо бе асбоби мусиқӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Дар як наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ӯ матни суруди узбекии «Най-Най»-ро бо ситоиши «Толибон» иваз кардааст.

Баромади ин овозхон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сахт танқид шуд. Корбарони афғон дар Фейсбук ситоиш аз «Толибон»-ро дар тӯйҳо номуносиб шумурданд.

Мунаққидон мегӯянд, ин ҳунарнамоиҳо ба пахши радиоҳои шариатии «Толибон» ва қироати бадеӣ, ки режим дар охири солҳои 90-ум иҷозат додааст, монандӣ доранд.