"Орзуям боз шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст." ВИДЕО

Мория Нурова

15-уми октябр Рӯзи байналмилалии занони деҳот аст. Дар Тоҷикистон кам касон аз ин рӯз ёдоварӣ мекунанд, ҳарчанд беш аз 70 дарсади сокинон дар деҳа зиндагӣ мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар остонаи Рӯзи занони деҳот ба меҳмонии Мория Нуроваи 56-сола рафт, ки дар яке аз рустоҳои дурдасти ноҳияи Лахш зиндагӣ мекунад.

Рӯзи қаҳрамони мо мисли садҳо зани деҳот бо рубӯчини ҳавлӣ, чорвопарварӣ, кишту кор мегузарад. Рӯзе, ки мо ба манзили Мория Нурова рафтем ӯ себ мечид.

"Тирамоҳ расид ва ҷамъоварии ҳосилро сар кардем. Себҳоямро мечинам, картошкаҳоро ғундоштем, барои фурӯш омода кардем"-мегӯяд Мория.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Орзуям боз шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст"

Мория аз ҷумлаи қирғизони таҳҷоӣ аст. Хусуру хушдоманаш яке тоҷик ва дигаре қирғизанд. Ба ҳамин тартиб, Мория ду ватан дорад – Тоҷикистон ва Қирғизистон. Ду кишваре ки ҳоло муносибати хуб надоранд ва марзҳои худро барои рӯи якдигар бастаанд. Қаҳрамони гузориши мо мегӯяд, дар қалбаш ҳарду кишвар ҷойи баробар доранд.

"Дар ин ҷо тоҷик ва қирғиз омехта шудаанд. Ҳеҷ кас тоҷик-қирғиз намегӯяд. Хуб зиндагӣ мекунанад. Ба якдигар духтар (келин) медиҳанд. Ҳарду келини ман тоҷиканд, ду духтарамро ба тоҷикҳо додаам.”

Мория Нурова ҳосили дарахтонашро ҷамъоварӣ мекунад

Ба гуфтаи Мория, бисёре аз пайвандонаш солҳо пеш Тоҷикистонро тарк карда, ба Қирғизистон рафтаанд. Мория ҳоло ба назди онҳо рафта наметавонад, чун марзи Қирғизистон баста аст. Ӯ ҳоло як орзу дорад, ки он ҳам рафтуомади озод миёни Тоҷикистону Қирғизистон аст.

Мория ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам қирғизӣ мардуми ду кишварро ба сулҳу дӯстӣ даъват мекунад.

Ӯ мегӯяд, "мехоҳем, ки сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон боз шавад, то тавонем ба дидори хешу табор равем, хурсандӣ ва сулҳ бошад. Тамоми хешу таборам дар он сӯи марз аст. Мо бояд якдигарро бинем, якдигарро суроғ кунем. Онҳо омада наметавонанд, мо ҳам рафта наметавонем, мо нигарони якдигар мешавем, дилтанг мешавем."

Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон баъди як муноқишаи марзӣ дар охири моҳи апрел ба сардӣ гароид. Қирғизистон марзи худро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст ва ҳоло миёни ду кишвар тақрибан доду гирифт вуҷуд надорад. Вале сокинони зиёде ба мисли қаҳрамони гузориши мо Мория Нурова мехоҳанд, ки марзҳо боз шаванд ва шаҳрвандони ду кишвар бо ҳам дар осоиш зиндагӣ кунанд.