15-уми октябр Рӯзи байналмилалии занони деҳот аст. Дар Тоҷикистон кам касон аз ин рӯз ёдоварӣ мекунанд, ҳарчанд беш аз 70 дарсади сокинон дар деҳа зиндагӣ мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар рӯзи занони деҳот ба меҳмонии Мория Нурова, сокини 56-сола рафт, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Лахш зиндагӣ мекунад.