Вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар дод, ки ба маҳвсозии боқимондаи муҳимоти ҷангӣ дар анбори аслиҳа дар вилояти Ҷамбил шуруъ кардааст.
Бино ба нақшаи вазорат, таркондани муҳимот то 13-уми ноябр идома мекунад.
"Барои ин амал майдони 12 километр дуртар аз қисми низомӣ ва маҳалли аҳолинишин ҷудо шудааст", - хабар доданд дар вазорат.
Рӯзи 26-уми август дар ноҳияи Байзаки вилояти Ҷамбил анбори аслиҳа таркид. Дар натиҷа 17 кас кушта ва наздики 100 каси дигар ҷароҳат бардошт.
Ҳамчунин 106 манзили зист, 12 иншооти тиҷорӣ ва 3 мактаб хисорот дид.