Яке захмӣ, дигаре зиндонӣ шуд. Идомаи баҳси замин миёни хешовандон дар Мастчоҳ. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси замин дар Мастчоҳ

Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ Юсуф Раҷабзода, ҷавонеро, ки моҳи июни имсол писари аммаашро бо панҷшох захмӣ карда буд, панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси қонуни авф аз се як ҳиссаи ҷазои ӯро кам мекунанд. Наздиконин ҷабрдида аз ҳукм норозиянд.

"Муфаттиш маводро пурра насанҷид, яктарафа кор бурд. Парвандаи ниҳоиро бе мувофиқати мо ба додгоҳ фиристод. Ният дорем, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят барем. Баҳс бо ин хотима намеёбад", -- гуфт Устоазиз Ҷумъаев, падари ҷавони маҷруҳ Фараҳманд Ҷумъаиён, рӯзи 13-уми октябр.

Бино ба ташхиси пизишкон, Фараҳманд Ҷумъаиён аз қафаси сина ва шуш зарар дида, борҳо ҷарроҳӣ шудааст. Падари Фараҳманд мегӯяд, барои табобати писараш беш аз 20 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан ду ҳазор доллар, харҷ кард, вале ҳанӯз муолиҷа давом дорад.

Ӯ афзуд: "Барои табобати писарам 13 ҳазор сомонӣ ҷуброн доду бас. Ба додрас гуфтам, бисёр харҷ кардам, вале ба инобат нагирифт. Ҳоло ҳам фарзанди ман берун аз Тоҷикистон табобат мегирад, барои онки онвақт инҷо карантин эълон шуда буд."

Фараҳманд Ҷумъаиён

Ҷурми Раҷабзода аз рӯйи моддаи "Қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ" баррасӣ гардидааст, ки аз 5 то 8 сол зиндонро дар назар дорад. Худи ӯ он вақт розӣ нашуда буд, дар бораи ҳодиса бо мо суҳбат кунад.

Наздикони ҷавони маҷруҳ ҳодисаро ба баҳси замин пайванд медиҳанд. Шаш хешу табор се сол аст, ки бо дахолати мақомоти маҳаллӣ низ наметавонанд, дар тақсими замин ба муросо расанд. Вале Муҳаммадрозиқ Сангинов, падари Юсуф Раҷабзода ва раҳбари хоҷагии деҳқонии "Меҳр" мегӯяд, ҳодиса ба баҳси замине, ки ҳоло моли ӯст, рабт надорад.

"Вай дашном медиҳад, ҳамин гуна байни онҳо занозанӣ сар мезанад. Мегӯяд, ту симро аз замин гир, ки гови ман печиданаш мумкин аст ё ба худам зарар расиданаш мумкин аст", -- нақл кард ӯ.

Устоазиз Ҷумъаев, падари ҷавони маҷруҳ, иддао дорад, замине, ки он ҷо писарашро захмӣ карданд, аз онҳост. Баҳс сари 5 гектару 10 садяк замин меравад, ки ҳоло дар ихтиёри Муҳаммадрозиқ Сангинов ва ҳамсараш Ҳанифа Сангинова аст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Мастчоҳ масъули ҷанҷол ҳабс шуд, вале ҷабрдида қонеъ набудааст

Хоҷагии деҳқонии "Сангин Сафар" дар ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ моҳи августи соли 2018 ба хоҷагии деҳқонии "Меҳр" табдили ном кард. Норозигии чанд узви як оила замоне сар зад, ки мақомот ҳангоми бозтақсими замин чаҳор нафари онҳоро бесаҳм гузошт. Радиои Озодӣ аввали моҳи июн дар ин бора гузориш дода буд. Ва, зимнан, баҳс сари ин замин ҳамоно идома дорад.