Вайронаҳои Панҷакенти қадимро обод мекунанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон тармиму бозсозии шаҳри Панҷакенти қадима оғоз ёфт, ки бо сармоягузории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён мегирад. Ёдгории машҳури бостонӣ 17 гектар масоҳат дорад ва тарҳи эҳё ва ҳифзи он дар озмуни нигаҳдории ёдгориҳои бостонии Осиёи Марказӣ пирӯз гардид.