Сарнавишти норӯшани халабони ҳомилаи афғон дар як осоишгоҳи Тоҷикистон

Пеш аз он ки Афғонистони ҳоло зери назари "Толибон"-ро тарк кунад, ин зани халабон фаромӯш накард, ки витаминҳои зарурӣ барои як зани ҳомиладорро ҳамроҳаш бигирад. Ин чизи камтарине буд, ки ӯ метавонист пеш аз савори ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон шуданаш аз фурудгоҳи Кобул бо худ бибарад. Вале дар маконе, ки ҳоло нигаҳдорӣ мешавад, ин зани 29-сола ҳатто наметавонад аз назорати мутахассиси тиб ва ҳам озмоиши ултрасадоӣ гузарад.

Ин зан, ки бо далелҳои амниятӣ намехоҳад исмаш нашр шавад, аз он ҳарос дорад, ки писараш базудӣ дар як шароити монанд ба боздошт дар як минтақаи рустоии Тоҷикистон таваллуд мешавад. Ҳамроҳи ӯ беш аз 140 ходими низомӣ, асарият мардон қарор доранд, ки тавассути марзҳои шимолии Афғонистон дар ҷустуҷӯи сарпаноҳи муваққатӣ ба Тоҷикистон убур кардаанд.

ДАР ИНТИЗОРИ ЗОЙМОН

Ин зан, ки капитани нирӯҳои ҳавоӣ аст, мегӯяд, "ман хеле зиёд аз кӯдакам нигарон ҳастам". Дар бораи сарнавишти ин зани халабон бори аввал хабаргузории "Рейтерз" моҳи сентябри имсол гузориш дода буд.

Ин зан гуфт, ки сӯҳбати телефонии ӯ бо ин хабаргузорӣ пинҳон аз чашми муҳофизон сурат мегирад, чун, ба гуфтааш, мақомоти тоҷик баробари ҷой додани онҳо дар як осоишгоҳи Тоҷикистон, тамоми санад ва телефонҳои онҳоро бо худ бурданд. Як далели пинҳон кардани номаш тарс аз сарнавишти хешовандон дар Афғонистон аст.

Ӯ мегӯяд, мӯҳлати таваллуди кӯдак миёнаҳои моҳи ноябр фаро мерасад ва бо вуҷуди ин, ки аз мақомоти тоҷик дархост кард то ӯро наздиктар ба як муассисаи тиббӣ баранд, ки дар фосилаи як-якуним соат роҳ аз осоишгоҳ аст, дархосташ рад шуд. "Онҳо рад карданд, гуфтанд, ки вақти наздик шудани мӯҳлати таваллуди кӯдак, шуморо ба беморхона бурда, баъд бозпас меорем",-афзуд вай.

Гурӯҳе, ки ин зан ҳамроҳаш дар Тоҷикистон дармондааст, инак ду моҳ мешавад, ки бо умеди мақомоти ИМА ба сар мебарад. Онҳо умед доранд, ки билохира ба Амрико мераванд ва барояшон дар ин кишвар мақоми паноҳандагӣ дода мешавад. Ҳанӯз маълум нест, ки бо чӣ сабаб ин кор тӯл мекашад. Онҳо мегӯянд, ки мақомоти Тоҷикистон ба онҳо пайваста такрор мекунанд, ки интизор бимонанд.

БАҲСИ ИНТИҚОЛИ ХАЛАБОНҲО ДАР КОНГРЕССИ АМРИКО

Вазири дифои ИМА Ллойд Остин ҳафтаи гузашта дар як ҷаласаи Конгресс гуфт, ки аз сарнавишти халабонҳое, ки дар Тоҷикистон дармондаанд, нигарон аст ва Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки "мебинад, чӣ кор карда мешавад".

Остин Скотт, як узви ҷумҳурихоҳи Конгресс, ки сарнавиши пилоти ҳомиладорро дар ин ҷаласа матраҳ кард, аз тарзи бархӯрди Вазорати корҳои хориҷӣ нисбати ин қазия интиқод намуд. Ӯ гуфт, ки Вазорати корҳои хориҷӣ ба идораи онҳо хабар дод, ки ҳукумати Тоҷикистон "аз шароити пилоти ҳомиладор хеле хуб огоҳ аст" ва ҳар нафаре, ки ба ёрии тиббии оҷил ниёз дорад, ба муассисаи тиббии маҳаллӣ интиқол меёбад.

Скотт дар сӯҳбат бо "Рейтерз" гуфт, "ба ғайр аз ин, онҳо дар ҳеҷ коре кӯмак накарданд".

Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки ин қазияро "дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Тоҷикистон" пайгирӣ мекунад, вале нагуфт, ки чаро дар берун бурдани халабонҳо таъхир сурат мегирад ва бо чӣ сабаб пилотҳо дар ҳолати боздошт ба сар мебаранд.

Ҷон Кирби, сухангӯи Пенгатон гуфт, ки Вазорати дифоъ ва Вазорати корҳои хориҷӣ "барои пайдо кардани як роҳҳали муносибе" аз наздик ҳамкорӣ мекунанд. Кирби дар сӯҳбат бо "Рейтерз" гуфт: "Мо ба ин бовар ҳастем, ки дар пеши ин шахсони ҷасур ва оилаҳои онҳо вазифдорем, ки тамоми корро барои берун бурдани онҳо анҷом диҳем”.

ДАСТРАСИИ МУШКИЛ БА ХАЛАБОНҲО

Як мақомдори амрикоӣ ба шарти ифшо нашудани номаш ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки дастрасӣ ба афғонҳое, ки дар осоишгоҳ ҳастанд, бисёр мушкил аст.

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз посух додан ба саволҳои мушаххаси "Рейтерз" худдорӣ кард, танҳо гуфтааст, ки осоишгоҳ бо ходимони тиб таъмин шудааст.

Пилотҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон, ки таҳсилдидаи Амрико мебошанд, дар миёни ҳадафҳои асосии "Толибон" мебошанд.

Ин гурӯҳи халабонҳо дар ҳоле дар хоки Тоҷикистон дармондаанд, ки гурӯҳҳои монанд ба онҳо дар рӯзҳои охири ҷанг инчунин ба Узбекистон фирор карда тавонистанд.

Моҳи сентябр бар асоси созише бо миёнҷигии ИМА халабонҳои афғонистонӣ ва дигар низомиёни афғон тавонистанд аз Узбекистон берун бурда шаванд. Хушбахтона, ҳамроҳ бо пилоти ҳомиладор ҳамсараш ҳам дар осоишгоҳи Тоҷикистон қарор дорад, вале эҳсоси онҳо ин аст, ки дар ин кишвар дармондаанд.

Як тарси зан ин аст, ки ходимони тиббе, ки дар осоишгоҳ кор мекунанд, мутахассиси таваллуди кӯдак нестанд. Ӯ мегӯяд: "Мо ин ҷо мисли зиндонием. Ҳатто мисли паноҳҷӯ ё муҳоҷир нестем. Мо ҳеҷ санади ҳуқуқӣ надорем ваё наметавонем барои худ чизе бихарем".

"НАМЕДОНАМ, ОЯНДАИ МО ЧӢ МЕШАВАД"

Ба иттилои дарёфтии "Рейтерс", мақомоти амрикоӣ ба ҷамъоварии маълумоти биометрии тасдиқкунандаи шахсияти аъзои ин гурӯъ шурӯъ кардаанд. Айни ҳамин ҷараён ба гурӯҳи ҳамсони онҳо дар Узбекистон дар тарки ин кишвар мусоидат кардааст.

Вале афроди наздик ба халабонҳо мегӯянд, ки мақомоти амрикоӣ маълумоти биометрии ҳатто сеяки аъзои ин гурӯҳи низомиро ба даст наовардааст.

Зани ҳомиладор мегӯяд, вақте фаҳмид, ки як созмони байналмилалии хайрия ҳафтаи ҷорӣ ба осоишгоҳи афғонистониҳо либоси гарм, аз ҷумла, либоси зиёд барои тифли ояндаи ин халабон овардааст, бисёр шод шуд. Аз сӯи дигар, ин ҳолат боиси эҷоди нигаронии наве дар зеҳни ӯ гардид. Ӯ мегӯяд, "онҳо либос меоранд, чизи бисёр медиҳанд, пас ин ба он маъност, ки мо дар ин ҷо дармондаем". Ӯ бо як лаҳни ноумедӣ мегӯяд, "намедонам, ояндаи мо чӣ мешавад".