Дар шаҳри Павлодари Қазоқистон парвандаи марги мудири намояндагии бонки RBK таҳқиқ мешавад.
Дар ин бора пулис ба расонаҳо иттилоъ додааст.
Ба иттилои пулис, ҷасади зани соли таваллудаш 1972 субҳи 5-уми октябр пайдо шудааст. Ба иттилои тафтишот, зан аз ошёнаи 8 худро ба замин партофтааст. Парванда бо моддаи "ба худкушӣ расонидан" таҳқиқ мешавад.