Қонунгузорони Тоҷикистон барои таълими дин ба воситаи интернет, ҷазои сахттар ҷорӣ карданд. Бар асоси тағйир дар Кодекси ҷиноӣ, ҳамакнун ҷазо барои таълими ғайриқонунии динӣ то се сол зиндонро дар бар мегирад.
Ҳарчанд вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон сангин намудани муҷозотро яке аз роҳҳои пешгирӣ аз гароиши сокинон ба "таълимоти ғайриқонунии динӣ" меҳисобанд, баъзе коршиносон бар ин шубҳа доранд.
Рӯзи 6-уми октябр вакилони порлумонӣ аз тарғйиру илова ба Кодекси ҷиноӣ ҷонибдорӣ намуданд, ки он ҷазои сахтарро барои таълимоти ғайриқонунии динӣ пешбинӣ мекунад. Ин тарҳ аз сӯи ҳукумат ба порлумон ирсол шудааст ва Нусратулло Мирзоев, муовини раиси Кумитаи давлатии амниятии миллӣ онро дар ҳузури вакилон муаррифӣ кард.
Ба қавли ӯ, бар асоси ин тарҳи қонун "ба роҳ мондани таълимоти динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаҳои Интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва давоми сол пас аз ҷазои маъмурӣ боз такроран содир шуда бошад, ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати се солро пешбинӣ мекунад..."
Феълан дар Тоҷикистон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 60 сомонӣ аст. Ба ин тартиб, ҷаримае, ки барои таълими ғайриқонунии динӣ акнун дар Кодекси ҷиноӣ пешбинӣ шуд, аз 48 то 72 ҳазор сомониро дар назар дорад. Чунин кирдор дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки шахс бори аввал онро содир мекунад, вобаста ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ аз 90 то 900 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нусратулло Мирзоев, мувини раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъкид кард, натиҷаи тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ собт намудааст, ки 90-95 фисади аъзоёни ташкилотҳои тундгаро аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар сини хурдсолӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд.
Ба иттилои муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ, дар Тоҷикистон тайи ду соли ахир ва 9 моҳи имсол 1833 ҳолати таълимоти ғайриқонунии динӣ бо фаро гирифтани беш аз 7 ҳазор нафар ошкору пешгирӣ шудааст. Вай афзуд, ки миёни онҳое, ки ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул буданду ошкор гардидаанд, 43 нафар имомхатибон, 983 нафар рӯҳониёни ғайрирасмӣ, 32 омӯзгор ва 17 донишҷӯ низ ҳастанд.
Дар ҷаласаи рӯзи 6-уми октябр, Саидҷафъар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин пурсид, ки чаро бо вуҷуди роҳандозии чорабиниҳо, рӯ овардани сокинон ба таълими ғайриқонунии динӣ бештар шудааст. Давлатзода кутоҳ посух дод, ки "гурӯҳҳое аз зудбоварии мардум сӯиистифода бурда, сокинонро барои таълими ғайриқонунӣ ҷалб мекунанд".
Дар ин ҷаласа бархе вакилон ва намояндагони идораҳои давлатӣ таъкид карданд, ки сахтар намудани муҷозот метавонад пеши роҳи афзоши гароиши ҷавонон ба таълимоти ғайриқонунии диниро бигирад.
Аммо Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ мегӯяд, шубҳа дорад, ки бо роҳи сахтар намудани ҷазо пеши роҳи сокинон аз рӯ овардан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифта шавад. Вай рӯзи 6-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз сабабҳои ин раванд, набуди алтернатива, яъне ба шуғле банд шудани ҷавонон аст.
"Ба назари ман, солҳои охир хоҳишмандони гирифтани таълимоти динӣ бештар шудааст, вақте кори дигар надоранд рӯ ба ҳамин чиз меоранд, азбаски ба ояндаи худ он қадар итминони сахт надоранд, албатта ба ҳамин кор даст мезананд",-афзуд, Фаридун Ҳодизода.
Дар Тоҷикистон се сол инҷониб таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониёни маҳалла манъ шуда, чунин имконият танҳо дар назди муассисаҳои давлатӣ имконпазир аст.
Солҳои пеш дар Тоҷикистон тақрибан 20 мадраса сабтином шуда буд. Бо гузашти замон онҳо баста шуда, танҳо як Донишкадаи исломӣ дар Душанбе монд, ки он ҳам қисман ба таълими динӣ машғул аст.
Масъалаи таълими динӣ, аз ҷумла барои наврасон, аз мавзуъҳоест, ки дар матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд баҳс мешавад. Нигарониҳо баъди он бештар шуд, ки соли 2018 порлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро ислоҳ кард. Бар асоси он, масъулияти омӯзиши динӣ танҳо ба ниҳодҳои давлатӣ вогузор карда шуд.
Дар чанд соли охир дар Тоҷикистон даҳҳо рӯҳониро барои таълими динии, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунӣ дастгиру муҷозот кардаанд. Созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд, вале мақомоти тоҷик ҳамеша интиқодҳоро беасос ва рафтори худро барои таъмини амният дар кишвар дурусту қонунӣ мешуморанд.