Мақомот гуфтанд, ҳамаро дар Душанбе эм карданд, вале шубҳаҳо ҳаст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як изҳороти баҳсбарангез гуфт, сокинони аз 18-сола болои Душанбе (ба истиснои занони ҳомила ва гирифторони бемориҳои ирсӣ) зидди коронавирус эм карда шуданд. Вале баъзе аз сокинони пойтахт, аз ҷумла ҷавонон, мегӯянд, то ҳол ваксинаи зидди COVID-19 нагирифтаанд.