ТАҲЛИЛ. Покистон пас аз устувор шудани «Толибон» чӣ ҷойгоҳе дар минтақа хоҳад дошт?

Сарвазири Покистон Имрон Хон ва раисиҷумҳури Тоҷикисттон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе

Коршиносон мегӯянд, устувор шудани «Толибон» дар Афғонистон аҳамияти сиёсии Покистонро зиёд мекунад, аммо ҳамзамон барои худи ин кишвар ва кишварҳои дигари минтақа хатари иловагӣ ба вуҷуд меорад.

Аз замони ҳокимият расидани «Толибон» беш аз як моҳ гузашт. Воқеияте, ки қариб ҳамаи ҳамсоягони Афғонистон бо он сохтанд, ба истиснои Тоҷикистон, ки намехоҳад ҳукумати Толибонро шиносад ва аз сарнавишти тоҷикони бумии ин кишвар изҳори нигаронӣ мекунад. Аммо агар ин ҳаракат барои Душанбе сабаби нигаронӣ ва таҳдидҳои иловагӣ дар марзҳо шуда бошад, пас барои Исломобод он имкониятҳои нави сиёсӣ овард.

Шартгузории “дуруст”

“Шояд бори аввал дар таърихи худ Покистон соҳиби нуфузи ҷаҳонӣ гашт, зеро акнун кишварҳои муҳим ба монанди Чину Русия ба рафтори он умед мебанданд, то ҳамроҳи он ҷонибҳои манфиатдор дар Афғонистонро идора кунанд", - менависад пойгоҳи таҳлилии The Express Tribune.

Расона мегӯяд, ки рӯйдодҳои ахири Афғонистон мавқеи Покистонро, ки замоне ҷонибдори ягонаи “Толибон” буд, қувват дод. Он ҳам дар пасманазре, ки ин гуруҳи террорист дар моҳи феврали соли 2020 бо ИМА созиш кард ва Русияву Чину Эрон бо сарони он дидор доштанд.

Таъсири афзояндаи Покистон дар нишасти ахири Созмони Шонгоҳ ё СҲШ низ дида шуд. Ин кишвар дар баробари Эрон, Чин ва Русия дар баррасии ояндаи сиёсии Афғонистон фаъол буд.

Илова ба ин нахуствазири Покистон Имрон Хон, дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки бо “Толибон” масъалаи ташкили ҳукумати фарогирро баррасӣ хоҳад кард. Аммо дар айни замон ӯ ишора кард, ки кишвараш танҳо метавонад ба ин ҳаракат машварат диҳад. Аммо дар асл Исломобод ягона бозигари минтақаист, ки ба толибҳо таъсири рӯйрост дорад.

Далели барҷаста ин аст, ки нахустин меҳмони баландпояи хориҷӣ дар Кобул рӯзи 4 сентябр раҳбари хадамоти ҷосусӣ ё ISI-и Покистон генерал Файз Ҳамид буд. Танҳо пас аз омадани ӯ ба Афғонистон “Толибон” аз таъсиси ҳукумати худ хабар доданд.

Чаро Афғонистон ба Покистон зарур аст?

Коршиноси рус дар умури Афғонистон Андрей Серенко дар Телеграм ҳадафҳои нахустиндараҷаи Покистонро дар Афғонистони толибонӣ чунин баршумурд:

  • Эътирофи "Хатти Дюранд" аз ҷониби ҳукумати Толибони Афғонистон ҳамчун марзи расмии давлатӣ миёни Афғонистону Покистон.
  • "Комилан берун кардани" Ҳинд аз Афғонистон (маҳдуд кардани ҳама гуна ҳузури ҳиндуҳо дар ин кишвар).
  • Бозгардони фирориҳои афғонистонӣ аз Покистон ба Афғонистон (чанд миллион нафар), бо шумули дар пояи онҳо сохтани мадрасаҳои бунёдгароёна.

Афғонистон ҳаргиз хатти 1500-километрии Дюрандро ҳамчун марз бо Покистон нашинохта, даъво кардааст, ки шимолу ғарби Покистон қаламрави паштунҳост.

Ҳинд дар навбати худ ҳамеша аз эътилофи зиддитолибонӣ ҳимоят кард ва мавқеи он то кунун бетағйир мондааст.

«Покистону Ҳиндустон душмани ҳаманд ва Афғонистон акнун ба як ақибгоҳи амиқи артиши Покистон табдил меёбад, ки дар он мешавад бо пули ночиз даҳҳо ҳазор ҷанговари бигузор нодон, вале ҷасуру бераҳмро киро кунад. Назорат бар Афғонистон ба Исломобод имкон медиҳад, ки ба Эрони ғайридӯст низ фишор орад. Ҳамчунин ҳар гуна таъсири Тоҷикистону Узбекистонро дар шимоли Афғонистон бартараф кунад. Ва дар дарозмуддат сарватҳои табиии Афғонистон (нафт, газ, литий, лоҷвард, зумуррад, оҳан ва мис)-ро ба даст орад. Ҳамчунин метавонад соҳиби қувваи кории бигузор ғайрикасбӣ, вале бениҳоят арзон гардад”, - менависад рӯзноманигори рус Евгений Трифонов.

Муаллиф таъкид мекунад, ки назорати Покистон бар Толибони афғон низ барои пешгирии ҳамкории он бо Таҳрики Толибони Покистон ё Толибони Покистон муҳим аст, ки минтақаҳои кӯҳии қаламрави федералии Покистонро назорат мекунанд. Зеро наздикии онҳо маънои таъсиси як Паштунистони азимро хоҳад дошт, ки ҳастии худи Покистонро зери хатар хоҳад гузошт.

«Покистон таъсири худро муболиға мекунад»

Бо вуҷуди ин дар миёни коршиносон андешае ҳаст, ки Исломобод таъсири худро ба «Толибон» беш аз ҳад нишон медиҳад. "Рӯшан аст, ки сафари сардори хадамоти иктишофии Покистон танҳо як сафари сода набуд ва ӯ барои ҳалли баъзе масъалаҳо омада буд, ки ин бо мушкилоти дохилии “Толибон” рост омад. Аммо бо назардошти он, ки ин сафар пинҳон на, балки ошкор ва расонаӣ буд, тахмин кардан мумкин аст, ки Покистон мехоҳад нуфузи худро ба ҳама кишварҳо нишон диҳад ва худро ҳамчун миёнарав байни бозигарони асосӣ ва Толибон пешкаш намояд", - мегӯяд Умар Ниссор, мудири Маркази омӯзиши Афғонистони муосир.

Таъсири Покистон бар “Толибон” ба гуфтаи ин коршинос, ҳамчунин аз ин нигоҳ низ маълум аст, ки бисёре аз раҳбарони толибон дар зиндонҳои ин кишвар ва тақрибан дар асорати Покистонанд, аз ин рӯ ин сатҳи нуфуз то куҷо ҳифз мешавад, таҳти суол аст.

Хеле чиз бастагӣ ба он дорад, ки “Толибон” то чӣ андоза бо кишварҳои дигар робита барқарор карда метавонанд. Агар мисли солҳои 90-ум шавад ва танҳо Покистон ҳукумати онҳоро эътироф кунад ва онҳоро вобастаи худ намояд бояд ба Покистон гӯш диҳанд. Аммо агар онҳо битавонанд, ки аз тангно раҳо шаванд, он гоҳ таъсири Исломобод сусттар мешавад”, - бовар дорад коршинос.

Ҳокимияти Толибонро дар солҳои 90-ум танҳо АМА, Арабистони Саудӣ ва Покистон эътироф карданд. Исломобод борҳо ба таври ошкоро пуштибонияшро аз ин ҳаракат рад кардааст. Ҳамчунин бисёр афғонҳое, ки ба ин ҷунбиш пайвастаанд, дар мадрасаҳои мазҳабии Покистон хондаанд. Ин кишвар ҳамчунин аз охирин кишварҳое буд, ки равобити дипломатияшро бо ин гурӯҳ қатъ кард.

Таҳдидҳо ва дурнамо

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, Покистон аз ибтидо стратегияи хатарнокро интихоб кард, зеро мадрасаҳои ифротӣ дар қаламрави ин кишвар ва ақаллиятҳои пуштун, ки шумораашон дар муқоиса бо Афғонистон зиёдтар аст, дар оянда метавонанд барои Исломобод мушкилоти калон эҷод кунанд.

"Онҳо бар инанд, ки агар пуштунҳои Афғонистон давлати худро дошта бошанд, барои доштани давлати худ дар Покистон даъво намекунанд. Аммо кафолате нест, ки фардо онҳо пуштунҳои Покистонро дастгирӣ накунанд ва масъалаи хатти Дюрандро дар миён нагузоранд. Аз ин рӯ ин роҳкор аз оғозаш носанҷида ва чаппа буд”,- мегӯяд Муллоҷонов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳатто агар Исломобод пирӯзии муваққатии геополитикӣ ба даст орад ҳам, барои худ мушкилоти зиёди молиявӣ ва иқтисодиро вобаста ба ҳимояти Афғонистон эҷод мекунад.

Марзҳои Осиёи Марказӣ

Агар бархе аз коршиносон мегӯянд, ки бозиҳои сиёсии Покистон амнияти марзҳои ҷанубии Осиёи Марказиро халалдор мекунад, бархи дигар бар инанд, ки воқеияти нав метавонад дарвозаи имкониятҳои иқтисодиро боз кунад.

Ба қавли Умар Ниссор, Покистон Афғонистонро равзанае барои Осиёи Марказӣ медонад. “Агар Чин ва Покистон дар татбиқи лоиҳаҳои калони иқтисодӣ дар Афғонистон комёб шаванд, он гоҳ Осиёи Марказиро ба мадори худ ҷалб мекунанд. Ин маҷбуркунӣ набуда, балки як раванди табиии иқтисодӣ аст, ки метавонад барои дигар лоиҳаҳои геополитикии марбут ба Осиёи Марказӣ як навъ ҳавасмандии иқтисодиро ба вуҷуд орад," - бовар дорад Ниссор.

Аммо, чунин ҳамоҳангӣ, хулоса мекунад ӯ, ба он бастагӣ дорад, ки “Толибон” чӣ қадар дар сари ҳокимияти Афғонистон боқӣ мемонанд.