Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе як муҳандиси ширкати "Ёқут 2000"-ро ба "вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмон", ки боис ба маъюб шудани Сиёвуш Акобиршоеви 25-сола шуд, гунаҳкор донист, вале бар асоси қонуни афв озод намуд. Ин банди қонун то ду сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Акобиршоев мегӯяд, даъвои ӯ бар сари ба ҷавобгарӣ кашидани касе набуд, балки мехост, раҳбарияти ширкат ҷуброн пардозад, чун барои идомаи муолиҷа ба пул ниёз дорад. Ӯ моҳи феврали имсол бар асари афтодани оҳанпорае аз бинои навсохти ширкати “Ёқут” дар Душанбе аз чаҳор ангушти пой ва имкони озодона роҳ рафтан маҳрум шуд.
Ҳукм рӯзи 16-уми сентябр баромад.
"Муҳандис ба гуноҳ эътироф кард"
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар ҳоле ки дар бораи ҷуброни зарар ба Сиёвуш Акобиршоев чизе нагуфтааст, Карим Шарифов, муҳандиси "Ёқут 2000"-ро дар маҷруҳ шудани ӯ гунаҳкор донист, вале дар айни замон бар асоси қонуни афв озод кард.
Карим Шарифов қаблан худро бегуноҳ медонист. Ӯ рӯзи 28-уми сентябр нахост, дар бораи ҳукми додгоҳ бо Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Дар матни ҳукм, ки нусхаи он дар ихтиёри мо аст, гуфта мешавад, "гуноҳи судшаванда исботи худро ёфт ва ӯ аз додрас дархост намуд, ки нисбаташ қонуни афв татбиқ шавад".
Аз ҳаққи Сиёвуш дар додгоҳ созмони ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ" ҳимоя мекунад. Салим Ҳайитов, вакили мудофеи Сиёвуш Акобиршоев, 28-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд дар ҳукми додгоҳ дар бораи пардохти ҷуброн чизе гуфта нашудааст, "эътирофи намояндаи ширкат ба гуноҳ" ба нафъи онҳо хоҳад буд.
"Ҳукми суд нуқтаи ниҳоӣ нест. Ин ҳукм, ки муҳандиси ширкат ба содир намудани ҷиноят пурра гунаҳкор дониста шуд, барои ситондани ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ асос шуда метавонад", -- шарҳ дод ӯ.
Намояндагони ширкати "Ёқут 2000" ҳозир нашуданд, дар робита ба эълони ҳукм ва имкони пардохти ҷуброни зарар ба Сиёвуш Акобиршоев мавқеи худро бигӯянд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳ гуфт, "бо намояндагони ширкат ҳал кунед"
Таҷаммулшоҳ Акобиршоев, падари Сиёвуш, мегӯяд, дар додгоҳ ба онҳо гуфтаанд, масъалаи пардохти ҷубронро бо намояндагони ширкат ҳал кунанд. Вай афзуд: "Ҳангоми суҳбат ба онҳо ба ягон натиҷа нарасидем. Нияти пардохти ҷубронро надоранд ва акнун бо адвокат маслиҳат карда, барои пардохти ҷуброни зарар дигарбора ба додгоҳ шикоят мебарем."
Пештар дар ширкати "Ёқут 2000" шикояти ҷавонро беасос хонда, гуфта буданд, "ҳангоми таъмири бино, дар ҳудуди хатарнок лентаи огоҳкунанда гузошта шуда буд, аммо Сиёвуш онро гузаштааст". Ҷавон ин иддаоро дур аз воқеият медонад, чун мегӯяд, ба сабаби набудани хатти огоҳкунанда аз назди бино мегузашт ва оҳанпора ба пояш афтод.
Бино ба санадҳои расмӣ, ширкати "Ёқут”-ро соли 2000 дар идораи андоз ё молиёт сабт кардаанд ва бахши фаъолияташ "истеҳсол ва хариду фурӯши молҳои ниёзи мардум" аст. Ширкат дар оғоз ба таҳияи либосҳо машғул буд, ҳоло чандин тарҳи сохтмониро дар Душанбе ба уҳда дорад.
Солҳои охир дар Душанбе сохтмони биноҳо босуръат идома дорад. Мақомот пайваста аз дигар шудани симои шаҳр суҳбат мекунанд, аммо сокинон аз риоя нашудани чораҳои бехатарӣ дар маҳалли сохтмонҳо дар ташвишанд. Тибқи иттилои расмӣ, соли 2020 дар маҳалли сохтмонҳо 8 нафар ҷон бохта, 33 кас захмӣ шудаанд.
Мақомот ҳодисаҳои нохушро бештар ба бемасъулиятии муҳандисон ва бепарвоии сокинон рабт медиҳанд. Аммо наздикони ҷабрдидаҳо ба ин назаранд, ки аслан бетаваҷҷуҳии роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва чашмпӯшии мақомот ба камбудҳо боис ба бештар сар задани чунин ҳодисаҳо шудааст.