"Тоҷпромбонк"-ро мебанданд, амонати муштариён чӣ мешавад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
То замони пурра барҳам хӯрдани "Тоҷпромбонк", яке аз ниҳодҳои молии муфлисшуда дар Тоҷикистон, рӯзҳои башумор мондааст, аммо муштариён мегӯянд, ҳанӯз амонатҳои худро гирифта наметавонанд. Онҳо 27 сентябр аз Додгоҳи иқтисодии Душанбе ёрӣ хостанд. Мудири махсус мегӯяд, амонати муштариёнро медиҳанд.