Ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, барои озод кардани ӯ аз президент Эмомалӣ Раҳмон ёрӣ хостааст. Наргиса Ҷабборова мегӯяд, шавҳарашро "бегуноҳ" умрбод зиндонӣ карданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, барои ӯ аз Русия вакили мудофеъ меоранд.
Наргиса Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, рӯзи 23-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои дарёфти кумак ба дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нома фиристодааст. "То охир барои исботи бегуноҳии шавҳарам талош мекунам, чун ӯ ҷинояткор набуд", -- мегӯяд вай.
Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов моҳи майи имсол аз ҷониби нерӯҳои Қирғизистон дар шароити номаълум дастгир ва 14-уми сентябр ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Додгоҳ онҳоро ба "ҷиноят ба зидди сулҳ" ва "ғоратгарӣ" гунаҳкор донист, аммо наздиконашон ба бегуноҳии онҳо таъкид доранд.
Абдуқаҳҳоров чӣ гуна дастгир шуд?
Мақомоти Қирғизистон то ба ҳол расман нагуфтаанд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар кадом шароит дастгир ва бар асоси кадом далел ба ҳабси абад маҳкум карданд.
Наргиса Ҷабборова мегӯяд, ӯ ва шавҳараш Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, аммо дар деҳаи Борбоддуки Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Ин роҳест, ки аз як тараф Тоҷикистон ва аз тарафи дигар Қирғизистон ҷойгир шудааст. Хонаводаи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ҳоло ба Тоҷикистон омадаанд, то аз мақомот барои озодии ӯ ёрӣ пурсанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хонум Ҷабборова мегӯяд, шавҳараш рӯзи 22-юми майи имсол аз тарафи кормандони пулиси Қирғизистон дастгир шуд:
"Онҳо аввал ба сари ман дод заданд, ки шаби 29-уми апрел куҷо будӣ, барои чӣ Тоҷикистон фаромадӣ? Ҳамин қадар заданд, ки як бор беҳуш шудам. Ба ҳуш омада, ба шавҳарам занг задам, ки омада маро халос кунад. Шавҳарам омад. Милисаҳои қирғиз дар телефон акси ӯро бо сарбозони тоҷик нишон дода, дастгир карданд. Ба шавҳарам гуфтанд, ки ту хиёнаткори Қирғизистон шудӣ, бо Тоҷикистон ҳамроҳ шудӣ. Гуё он сурат рӯзи 30-юми апрел, пас аз ҷанҷолҳо гирифта шудааст."
Дар шароите ки мақомоти Қирғизистон дар ин бора шарҳе намедиҳанд, тасдиқи дурустии иддаои ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ғайриимкон аст.
Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров 41 сол дошта, ба гуфтаи ҳамсараш 12 сол дар мактаби ношунавоёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд муаллим буд. Вай солҳои охир дар роҳи Хистеварз - Гулистон ронандагӣ мекард.
Мақомот: то эълони ҳукм бехабар будем
Наргиса Ҷабборова мегӯяд, аҳволи се фарзандаш баъди шунидани ҳукми падарашон бад шудааст. "Аз президенти Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки шавҳари маро баргардонед, аҳволи кӯдаконам бад шудааст," -- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Мақомоти Тоҷикистон расман дар бораи қазияи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов изҳори назар накардаанд.
Танҳо як масъули сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон рӯзи 23-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мавзуъро пайгирӣ доранд ва ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон нота фиристодаанд. Ин масъули сафорат ҳамчунин гуфт, "мақомоти қирғиз бар хилофи талаботи ҷорӣ, аз боздошти ду шаҳрвандони Тоҷикистон ба мо хабар надоданд."
"То баромадани ҳукми суд дар ин бора хабар надоштем. Дар инҷо талаботи қонун вайрон шудааст, чун бояд расман ба сафорат хабар медоданд. То ин дам бо Додситони кулли Қирғизистон ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии ин кишвар дар ин масъала мулоқот кардем. Ба вазорати корҳои хориҷӣ ёддошт ҳам фиристодем. Рӯзҳои наздик кормандони сафорат ба ноҳияи Лайлак сафар карда, бо раиси суди онҷо ва шаҳрвандони зиндонишудаи Тоҷикистон вохӯрӣ мекунанд," -- гуфт ин масъули сафорати Тоҷикистон дар Бишкек.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар сафорати Тоҷикистон ҳамчунин гуфтанд, барои ҳимоят аз ҳуқуқи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов аз Русия вакили мудофеъ меоранд.
Боздошт ва ба ҳабси абад маҳкум шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон танқидҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. Бисёриҳо аз ҳукумат талаб карданд, ки барои озодии ин ду шаҳрванди Тоҷикистон талош кунад.
Қазияи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов ба муноқишаи охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бармегардад. Дар он муноқиша аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Се тоҷики қирғизистониро ба зиндон маҳкум карданд. Пайвандонашон розӣ нестанд