Дар Тоҷикистон авф оғоз шуд, садҳо зиндониро озод карданд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гуруҳи аввалини маҳбусон бар асоси қонуни афв рӯзи 21-уми сентябр аз зиндони Ёвон ва маҳбаси занони Норак озод шудаанд. Қонун дар бораи афв бахшида ба 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон қабул шуд. Дар назар аст, то ду моҳи оянда беш аз 10 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳо озод шуда, ҷазои қариб 6 ҳазор каси дигар кам карда шавад.