Сиёсатмадори зиндонӣ Алексей Навалний Кремлинро дар истифодаи “таҳдиду саркӯб” барои "дуздидани натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ" интиқод кард. Бар асоси натиҷаҳои расмии интихоботи Думаи давлатии Русия, ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” дар овоздиҳие, ки ба қавли нозирони бетараф, пур аз тақаллубу сохтакорӣ гузашт, баранда эълон шудааст. Дар паёме, ки рӯзи 21-уми сентябр дар саҳифаи Инстаграми Навалний нашр шуд, сиёсатмадори мунаққиди Кремлин гуфт, шеваи овоздиҳии ӯ “як муваффақият буд”, чун тавонист мавқеи ҳизби Владимир Путинро заъиф кунад, вале мақомот боз ҳам аз роҳи “кӯҳнаву содда” натиҷаҳоро сохтакорӣ карданд. Ӯ навишт: “Қаллобон натиҷаҳоро иваз мекарданд, то ки пирӯзии онҳо бештар қобили эътимод бошад”. Ба гуфтааш: “Дар девор натиҷаҳои тақаллубӣ навишта шудаанд. Нозирони моро аз дохили ҳавзаҳои овоздиҳӣ берун карданд. Тарсдоданҳову саркӯбҳо ихтиёри бисёриҳоро кам кард ва мардум аз баромадан ба кӯчаҳо ҳарос доштанд”.
Чанд соат пеш аз ин изҳорот комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, бар асоси натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Думаи давлатии Русия, ҳизби “Русияи воҳид”, ки аз пуштибонии Кремлин бархурдор аст, аксари курсиҳои маҷлиси поёнии ин кишварро ба даст овардааст. Ғарб натиҷаҳои интихоботро интиқод ва як созмони нозири мустақил маъракаи серӯзаи овоздиҳиро “интихоботи ифлостарин” дар таърихи Русия унвон кард.