Таҳқиқи бахши узбекии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ маълум кард, ки ширкати вобаста ба хешовандони президент Шавкат Мирзиёев аз як Фонд ё Бунёди давлатӣ миллионҳо доллар гирифтаанд.
Ба навиштаи бахши узбекии Радиои Озодӣ, Orient Group, ки бо Ойбек Умаров, бародари домоди Мирзиёев, алоқаманд аст, ба воситаи сармоягузори асосии худ – Ширкати сармоягузории Узбекистон-Умон (UOIC) – пул гирифтааст.
Умаров, асосгузор ва саҳмдори Orient Group, бародари Отабек Умаров, ҳамсари Шаҳноза, духтари Шавкат Мирзиёев аст.
75 дарсади сармояи UOIC ба Идораи сармоягузории Умон тааллуқ дорад. 25 дарсади боқимонда марбут ба Бунёди таҷдид ва рушди Узбекистон аст, ки Фонди дороиҳои давлатии кишварро назорат мекунад. Бар асоси иттилои расмии сомонаи ин Бунёд, соли гузашта дороиҳои он ба 25 миллион доллар баробар буд.
Маблағе, ки аз ҳисоби ин давлат дар ин Фонд вуҷуд дорад, барои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар ва таъмини некӯаҳволии шаҳрвандон пешбинӣ шудааст.
Аммо таҳқиқе, ки Радиои Озодӣ дар ҳамкорӣ бо Кристиан Ласслетт аз Донишгоҳи Олстерск анҷом дод, бозгӯи он аст, ки солҳои ахир дарёфткунандаи аслии маблағҳои давлатӣ ширкати Orient Group будааст.
Ласслетт сандуқи сармоягузории UOIC-ро дар Узбекистон дар солҳои 2016 то 2020 таҳқиқ кард ва маълум шуд, ки дар ин давра 86 дар сади маблағҳои Фонд, яъне наздики 161 миллион доллар аз маблағи умумӣ ба ширкатҳо ва тарҳҳои марбут ба ширкати Orient Group сарф шудаанд. Дар миёни онҳо, ширкати Gold Dried Fruit Export, 25 миллион доллар ва ширкати Binokor Temir Beton Servis ҳудуди 20 миллион доллар сармоя дарёфт кардаанд.
Дар умум, зери чатри Orient Group 58 ширкат шомил мешавад, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла низоми бонкӣ, сохтмон, тиҷорату савдо, амволи ғайриманқул ва дастаҳои футбол кор мекунанд.
Дар сомонаи UOIC чунин гуфта шудааст: “Мо дар пайи эҷоди шарикӣ ҳастем ва ба сармоягузорон дар рушди тиҷораташон ёрӣ мекунем, инчунин, рушди иқтисоди кишварро суръат мебахшем.” Аммо маълум нест, ки чаро қисми бештари сармоя ба Orient Group дода шудааст.
Бахши узбекии Радиои Озодӣ бо UOIC ва Orient Group барои дарёфти шарҳ муроҷиат кард, аммо посухе нагирифт.
Бар асоси далелҳои пайдошуда дар таҳқиқот, Мирзиёев медонад, ки пулҳои Фонд барои некӯаҳволӣ ба Orient Group интиқол ёфтааст, чун бар асоси қонун ҳама навъи амалиёти пулгузарониро бояд худи президент иҷозат диҳад.
Шеваи хеле зуд ва ноаёни бой шудан
Ойбек Умаров аз соли 2007, замоне бародари бузургаш бо духтари Шавкат Мирзиёев (он вақт сарвазири Узбекистон) издивоҷ кард, хеле зуд дар олами тиҷорат мавқеъ ёфт.
Умаров соли 2010, замоне ки ҳамагӣ 24 сол дошт, ба ҳайси яке аз чор муассиси бонки бузурги Orient Finans сабти ном шуда буд.
Баъзе аз дӯстони Ойбек Умаров, ки аз замони кӯдакиаш дар водии Фарғона бо ӯ шиносоӣ доштанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯро ҳамчун фурӯшандаи чорво мешинохтанд, ки маъруф набуд, вале вазъаш пас аз домоди Мирзиёев шудани бародараш тағйир ёфт.
То соли 2015 Ойбек Умаров соҳиби саҳмияи «Финансбанк» дар ҳаҷми 13,6 миллион доллар будааст. Пас аз он ки дар соли 2016 Мирзиёев президенти Узбекистон шуд, манфиатҳои тиҷоратии Ойбек Умаров якбора бештар шуд.
Ба доираи тиҷорати ӯ чанд соҳаи дигаре, ба мисли сохтмон, сайёҳӣ, умури бонкӣ ва саноати насоҷӣ шомил шуд.
Бо вуҷуди он ки Ойбек Умаров соҳиби империяи тиҷоратист, дар назди мардум кам зоҳир шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аслан ҳузур надорад. Дар ҳамин ҳол, бародари бузурги ӯ, Отабек Умаров истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст ва дар Инстаграм 10 миллион пайрав дорад, вале ӯ дар бораи тиҷорати бародари худ на дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва на дар назди омма чизе намегӯяд.
Ин сару садоеро ба вуҷуд овардааст, ки оилаи президент намехоҳанд, ба Ойбек Умаров таваҷҷӯҳи мардумро ҷалб кунанд, ки ин метавонад ба империяи тоҷироатии ӯ хатар дошта бошад.
Афзалият ба вазифа
Дар Узбекистон президент аз қудрати бемаҳдуд бархурдор аст ва сиёсату тиҷорати кишварро назорат мекунад.
Чанд аъзои хонаводаи президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, ки аз соли 1991 то дами марг дар соли 2016 кишварро идора мекард, дар истифодаи нуфузи худ барои ҷамъоварии сарвати калон гунаҳкор мешаванд.
Духтари бузурги ӯ, Гулнора Каримова, пас аз он ки дар тамаъҷӯӣ, шустушӯи пул, тасарруф ва ҷиноятҳои дигари молиявӣ гунаҳкор дониста шуд, ба зиндон маҳкум гардид.
Мирзиёев пас аз оғози кор дар мансаби президент ваъда супурд, ки бо мақсади ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар обрӯи Узбекистонро боло мебарад ва бо фасод мубориза мебарад.